Пайвандҳои дастрасӣ

Натиҷаи овоздиҳӣ дар Сенат гуё паёми қатъӣ ба маъмурияти Барак Обама буд, ки дар мавриди бастани боздоштгоҳи Гуантанамо ва интиқоли 240 маҳбуси он ба хоки Амрико, Кохи сафед бо муқовимати шадиди конгресс рубару хоҳад шуд.

Обама баъди чанд соат аз адои савганд ба ҳайси раисҷумҳур дар моҳи январи соли ҷорӣ, фармони бастани Гуантанаморо имзо карда буд. Аз нигоҳи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва ба вижа аврупоиҳо ва мусалмонон, боздошти гумонбарон дар терроризм дар давоми солҳо бидуни эълони иттиҳомот ба рамзи беэтиноъии Амрико ба волоияти қонун мубаддал гашта буд. Моҳи апрел Барак Обама аз конгресс хост, барои бастани Гуантанамо 80 миллион доллар ихтисос диҳад.

Аммо тарҳи Обама демократҳо ва ҷумҳурихоҳонро бар муқобили он муттаҳид сохт. Намояндагони ҳар ду ҳизб тақозо мекунанд, ки пеш аз ихтисоси маблағ Кохи сафед бояд шарҳ бидиҳад, ки бо боздоштшудагони боқимонда чӣ мекунанд? Қарор шуд, ки аз 240 нафари ин ашхос 30 кас бояд озод шаванд ва баъзе аз онҳоро ба кишварҳои дигар бифиристанд, ки омодаи пазируфтани маҳбусон ҳастанд. Масалан, Фаронса ва Британиё гуфтаанд, ки ҳозиранд як нафарӣ бигиранд. Мақомот гуфтанд, беш аз 100 боздоштшуда, аз ҷумла аз 50 то 100 нафаре, ки бисёр хатарнок маҳсуб мешаванд, бояд ба хоки Амрико интиқол гарданд.

Дурнамои он ки чунин ашхоси хатарнок дар натиҷа дар зиндонҳои амрикоӣ нигаҳдорӣ хоҳанд шуд, сиёсатмадорони ҷиноҳи чапу ростро ба ташвиш овард. Зимни нишасти муштараки ду ҳизб ҳампаймони суннатии Обама, раиси аксарияти демократҳои Сенат Ҳаррӣ Рейд мухолифи пешниҳоди раисҷумҳур баромада гуфт:
“Демократҳо дар ҳеҷ ваҷҳ бидуни ироаи нақшаи муфассал ва масъулиятнок аз ҷониби президент ба пеш ҳаракат нахоҳанд кард. Мо ҳеҷ гоҳ иҷозат намедиҳем, ки террористонро дар қаламрави Амрико ба озодӣ раҳо кунанд.”
Сенатор аз ҳизби ҷумҳурихоҳ Ҷеймс Инҳоф гуфт, бастани Гуантанамо суолҳои сахти зиёдеро матраҳ хоҳад кард:
“Шумо бояд мушаххас намоед, ки бо дастикам 245 боздоштшуда чӣ бояд кард? Аксарияташон ашхоси хеле баданд ва кишварҳояшон намехоҳанд онҳоро бозпас бигиранд ва барои ҷойгиркардани онҳо ягон макони дигар нест.”
Ҳамҳизби вай сенатор Митч МакКонел гуфт, вай зарурати бастани Гуантанаморо намебинад:
“Ин боздоштгоҳ хеле ва хеле олӣ вазифаашро иҷро мекард. Аз 11 сентябри соли 2001 касе аз он ҷо фирор накардааст. Ва мо медонем, ки ҷомеаи Амрико намехоҳад, ки ин террористонро ба ин ҷо биоранд”.

Кохи сафед дар вокуниш ба шикасташ дар конгресс суханронии асосии Обамаро барои имрӯз, 21-уми май, тарҳрезӣ кард. Интизор меравад, зимни ин суханронӣ президент нақшаҳояшро нисбати Гуантанамо ва эҳёи маҳкамаҳои низомӣ мавриди баҳс қарор диҳад. Боздоштгоҳҳои мазкур замони ҳукуматдории Ҷорҷ Буш ташкил шуда, мавриди интиқоди шадиди ҳомиёни ҳуқуқи инсон қарор гирифта буд.

Дар нишасти матбуотии Кохи сафед сухангӯи президент Роберт Гибс гуфт, ба Обама аз Ҷорҷ Буш мушкилиҳои мураккаби ҳуқуқӣ ба мерос расидааст ва вай кушиш дорад, ин бесарусомониро хеле эҳтиёткорона ба низом дарорад.
XS
SM
MD
LG