Пайвандҳои дастрасӣ

Кашфи тарҳи як ҳамла ба шаҳри Ню Йорк


Мақомоти интизомии Амрико мегӯянд, ки чаҳор нафарро бо иттиҳоми даст доштан дар тарҳрезии як ҳамла ба пойгоҳҳои низомӣ ва як ибодатгоҳи яҳудиён дар Ню Йорк боздошт карданд. Додситони як ноҳияи Ню Йорк зимни баёнияи расмӣ гуфт, ин афрод мехостанд, як канисаи яҳудиён дар минтақаи Бронкси Ню Йоркро тарконанд. Онҳо ҳамчунин қасд доштаанд, бо истифода мушакандози Стингер ҳавопамоҳо дар пойгоҳи Горди Миллии дар фурудгоҳи Стюарт дар Ню Йоркро сарнагун кунанд.
XS
SM
MD
LG