Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Кумитаи Амнияти Миллӣ аз хатар


Кумитаи амниятии миллии Тоҷикистон аз афзоиши фаъолияти гурӯҳҳои қочоқбари муташаккил ҳушдор дода ва гуфтааст, қочоқи маводи мухаддир ҳамчунон барои амниятии миллии Тоҷикистон хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Хабаргузории давлатии “Ховар” аз қавли дафтари матбуоти Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ навиштааст, ки ин ниҳод иттилоъот дар даст дорад, ки вақтҳои ахир гурӯҳҳои қочоқбар ба таври қобили мулоҳиза фаъол шудаанд. Яъне убури марз аз тарафи онҳо, ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ барои интиқоли маводи мухаддир аз тариқи роҳи ба гуфтаи кумита “балканӣ” бештар мушоҳида шудааст. Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, аз оғози соли равон то кунун ниҳодҳои тобеъи он 380 кило маводи мухаддиро кашфу забт карда ва се маротиба бо қочоқбарони маводи мухаддир дар марз бо Афғонистон вориди даргирӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG