Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенат барои бастани Гуантанамо пул надод


Сенати Амрико иҷоза надод, то барои бастани зиндони бадномшудаи Гуантанамо 80 миллион доллар ихтисос дода шавад. Ин иқдомро як зарба ба талошҳои раиси ҷумҳур Барак Обама медонанд, ки мехоҳад, Гуантанаморо то моҳи январ бубандад. Сенаторҳои амрикоӣ ҳамчунин иҷоза надоданд, то баъзе аз боздоштшудагон ба қаламрави Амрико оварда шаванд. Вакилони мардумӣ аз ҳарду ҳизби Иёлоти Муттаҳида мехоҳанд, то Барак Обама барномаи мушаххас доир ба сарнавишти ояндаи 240 асири боздоштгоҳи Гуантанаморо пешниҳод кунад. Масъалаи Гуантанамо аз ҷумла бахше аз суханронии муҳими амниятии Барак Обама раиси ҷумҳури Амрико хоҳад буд, ки қарор аст, фардо сурат бигирад.
XS
SM
MD
LG