Пайвандҳои дастрасӣ

Бағдод боз шоҳиди хунрезӣ шуд


Бар асари инфиҷори қавии як мошини бомбгузоришуда дар шимолуғарби шаҳри Бағдод дирӯз 35 нафар ҳалок ва 72 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба гуфтаи маъмурони амниятии Ироқ бомбгузорӣ дар маҳаллаи умдатан шиъанишини Шула воқеъ дар шимолуғарби пойтахт сурат гирифтааст. Ҳамлаву бомбгузориҳо, ки моҳи апрели гузашта 355 нафарро кушт, моҳи равон дар Ироқ коҳиш ёфта буд. Охирин ҳамлаи азим дар шаҳраки Садри Бағдод рӯзи 29 апрел ба вуқӯъ пайваста буд, ки дар он бомбгузорӣ 51 нафар ҷон доданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG