Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон мушаки наверо озмоиш кард


Эрон мегӯяд, як мушаки пешрафтаи замин ба заминро бомуввафақият озмоиш кардааст, ки қодир ба парвоз дар масофаи 2000 ҳазор километр мебошад. Маҳмуди Аҳмадинажод – раиси ҷумҳури Эрон, дар бораи озмоиши ин мушак дар вилояти Симнон эълом дод, ки мушакро аз ҳаминҷо партоб кардаанд. Матбуоти давлатии Эрон аз қавли Маҳмуди Аҳмадинажод навиштаанд, ки Ҷумҳурии Исломӣ ҳар гуна таҷовузгарро ба “дӯзах” хоҳад фиристод. Роберт Гейтс – вазири дифоъи Амрико таъйид кард, ки озмоиши мушаки Эрон муввафақиятомез будааст.
XS
SM
MD
LG