Пайвандҳои дастрасӣ

Русия аз гуфтӯгуҳо бо Амрико розӣ аст


Русия гуфтӯгуи дурӯзаи мақомоти ин кишвар бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар мавриди таҳияи санади нави халъи таслиҳоти атомиро “муввафақиятомез” хондааст. Як дипломати рус ба хабаргузории “Ройтерс” гуфтааст, нишасти дурӯзаи тарафҳо, ки рӯзи сешанбе дар Маскав ба поён расид, дар “фазои созанда” сурат гирифт ва даври ояндаи гуфтӯгҳо аввалҳои моҳи июн дар шаҳри Женева баргузор хоҳад шуд. Мӯҳлати эътибори Аҳдномаи коҳиши таслиҳоти атомӣ, ки соли 1991 миёни Русия ва Амрико имзо шудааст, моҳи декабри имсол ба поён мерасад ва тарафҳо санади наверо ба ҷойи он баррасӣ мекунанд. Сергей Лавров – вазири умури хориҷаи Русия гуфтааст, дар сурати ба инобат нагирифтани барномаи Амрико ҷиҳати истиқрори сипари дифоъи мушакӣ дар Аврупо пешрафт дар музокирот имконнопазир хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG