Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА хостори ҳамкории зичтар бо Сербистон аст


Ҷо Байден, нойиби раисиҷумҳури ИМА, гуфт, ки кишвараш хостори ҳамкории зичтар бо Сербистон аст. Дар музокироти Байден ва раисиҷумҳури Сербистон Борис Тадич дар Белград, аз ҷумла, мавзӯъи Косово баррасӣ шуд. Ҷо Байден қабл аз ин сафар гуфта буд, ки “ба эътирофи истиқлоли Косово аз сӯи Сербистон дар ояндаи наздик хушбин нест” ва аммо аз ҳамкории Белград бо намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Приштина истиқбол хоҳад кард.
Ҷо Байден баъд аз музокирот бо раисиҷумҳури Сербистон дар як нишасти хабарӣ дар Белград гуфт, ки “ИМА мехоҳад бо Сербия, ба хотири ҳалли мушкилоти ҳама минтақа ва ба хотири кумак ба Сербия барои узви неруманд ва муваффақи ҷомеъаи Аврупоӣ шудан, ҳамкории зичтарро ба роҳ монад. Ин ҳадафи мост”.
Ҷо Байден воломақомтарин сиёсатмадори амрикоист, ки тайи 30 соли ахир аз Сербистон дидан мекунад. Равобити миёни Вошингтон ва Белград дар охирҳои солҳои 90-ум, замони даргириҳо дар Косово ва, ба вижа, баъди бомбборони қаламрави Сербистон аз сӯи ҳавопаймоҳои НАТО ба сардӣ гароид.
XS
SM
MD
LG