Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Зарифӣ ва Амир Ал-Валид ибн Талал


Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар чаҳорчӯби сафараш ба Арабистони саъудӣ дар Ар-Риёз бо раиси Бунёди хайрияи “Ал-Валид ибн Талал” Амир Ал-Валид ибн Талал музокирот анҷом дод. Ба иттилоъи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар ин гуфтушунид ба зарурати баргузории форуми тоҷирони Тоҷикистону Арабистони Саъудӣ ишора шуд. Қарор аст, ки ин форум охири ҳамин ҳафта дар шаҳри Душанбе баргузор шавад. Амир Ал-Валид ибн Талал изҳор намуд, ки кишвараш барои ҳамкорӣ дар бахши ҷаҳонгардӣ ва бунёди меҳмонсароҳо дар Тоҷикистон омода аст. Дар посух ба даъвати ҳукумати Тоҷикистон барои кумак дар рафъи паёмадҳои офати табиии ҳафтаҳои ахир, раиси Бунёди “Ал-Валид ибн Талал” гуфтааст, ки ин мавзӯъро ҳатман марвиди баррасӣ қарор хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG