Пайвандҳои дастрасӣ

Порлумони Тоҷикистон нигаҳубин ва парвариши ҷонварону паррандагонро дар бархе маҳаллаҳои шаҳри Душанбе мамнӯъ эълон кард.

Бар асоси тағйирот, ки ба қонун дар бораи мақоми пойтахти Тоҷикистон ворид шудааст, дар маҳаллаҳои муайяни шаҳри Душанбе сар аз моҳи июли соли равон нигоҳ доштани паррандагон, ҷонварони ваҳшӣ ва хонагӣ, аз қабили гову гӯсфанд, хару асп, ба истинои гурбаву саг ва паррандаҳои кӯчаки ғайриистеъмолӣ, ҷиноят ҳисоб мешавад.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз сокинони пойтахти Тоҷикистон ба хотири беҳдошти вазъи зиндагӣ ва таъмини худ бо ғизоҳое монанди ширу гушту тухм дар ҳавлиҳои худ ҷонварони хонагиро нигоҳ медоранд.

«Озодӣ» аз чанд маҳалли шаҳри Душанбе дидан кард ва бо сокиноне, ки дар манзилашон чорво парвариш мекунанд, сӯҳбат анҷом дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG