Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои нигаҳбони Эрон аз байни 475 довталаб, бо шумули 42 зан ва ҳатто як кӯдаки 12-сола, номзадии танҳо 4 нафарро таъйид кард.

Аз ин 4 номзад, ки Шӯрои нигаҳбон, ин ниҳоди муттанаффиз дар низоми Ҷумҳурии исломии Эрон, таъйид кард, дуяш – раисиҷумҳури кунунии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ Мӯҳсин Ризоӣ - аз ҷиноҳҳои муҳофизакори Эрон ва дуи дигар – сарвазири пешин Мирҳусайн Мӯсавӣ ва раиси собиқи Маҷлиси Шӯрои Исломӣ Маҳдии Каррубӣ - аз ҷиноҳҳои, ба истилоҳ, ислоҳталаб намояндагӣ мекунанд.

Хабари таъйиди номзадии Маҳмуди Аҳмадинажод рӯзе нашр шуд, ки ӯ озмоиши мушаки нави миёнапарвози “ҳаво ба ҳаво”-и Эронро эълон мекард. Ин иқдом низ метавонад ҷузъе аз маъракаи ғайрирасмии Аҳмадинажод ба хотири касби пуштибонии мардум дар интихоботи 12 июн талаққӣ шавад.

Ба фарқ аз Аҳмадинажод, ки ҳанӯз аз оғози расмии маъракаи пешазинтихоботиаш хабар надодааст, се номзади дигар алакай ба мубориза шурӯъ кардаанд. Ва ҳарсе алакай Аҳмадинажодро ба сӯъиистистифода аз қудрати раёсатҷумҳурӣ ва манобеъи давлатӣ, бо шумули истифода аз сафарҳои хидматӣ ба устонҳои мухталиф ба хотири дарёфти пуштибонии мардум, айбдор мекунанд. Аммо давлати Маҳмуди Аҳмадинажод ин иттиҳомотро радд мекунад ва худи ӯ интиқодот аз сафарҳояш ба устонҳоро “бадахлоқии интихоботӣ” номид.

Рақибони Аҳмадинажод ӯро бахусус ба маҳзи вазъи бади иқтисодии Эрон интиқод мекунанд, ки бо вуҷуди фоидаҳои ҳангуфти нафту газ натавонист бар ваъдаи 4 соли пеши худ ҷиҳати таъмини як зиндагии шоиста барои мардум амал кунад. Вазъи ногувори иқтисодӣ нуқтаи аслии заъфи Аҳмадинажод буда, мунҷар ба пойин рафтани маҳбубияти ӯ дар байни мардум низ шудааст. Мояи дигари интиқодот ҳарфҳои баланду низоъбарангези Аҳмадинажод, аз ҷумла Ҳолокост, ё худ қатли омми яҳудиён дар солҳои ҷанги дуввуми ҷаҳонро ба чолиш кашидани ӯст, ки мояи ҳатто ҷанҷолҳои байналмилалӣ шуда буд.

Маҳдии Каррубии 72-сола, раиси собиқи парлумон, ки инак бори дуввум бо Маҳмуди Аҳмадинажод вориди рақобат мешавад, аз ҳимояти як идда шахсиятҳои ислоҳталаб ва гурӯҳҳои донишҷӯён бархӯрдор аст. Вале ба назари аксар, рақиби аслии раисиҷумҳури кунунӣ метавонад Мирҳусайни Мӯсавии 67-сола бошад. Раисиҷумҳури пешин ва ислоҳталаби Эрон Муҳаммади Хотамӣ низ аз тарафдоронаш даъват кард, ки ба Мӯсавӣ раъй бидиҳанд.

Мӯсавӣ ба хусус ба маҳзи идораи хуби умури иқтисодии кишвар дар солҳои ҷанги Эрону Ироқ маъруфият пайдо кардааст. Ӯ ҷонибдори беҳбуди равобит бо Ғарб буда, мегӯяд, ки Теҳрон бояд ҷаҳонро пиромуни барномаҳои баҳсбарангези ҳастаияш итминони хотир диҳад. Вале Мӯсавӣ бар ин аст, ки Эрон набояд аз фаъолиятҳои ғанисозии ураниум даст бикашад.

Аҳли назар шонси пирӯзии Мӯҳсин Ризоиро, ки давлати Аргентина ӯро ҳамроҳ бо 5 мақоми дигари аршади эронӣ таҳти таъқиб гузоштааст, камтар мешуморанд. Ризоӣ ба даст доштан дар бамбгузории як маркази яҳудиён дар Буэнос-Айрес дар соли 1994, ки 85 кушта бар ҷой гузошт, муттаҳам мешавад.

Назарсанҷиҳои анҷомшуда дар Эрон шонси аввалро ба раисиҷумҳури кунунӣ Маҳмуди Аҳмадинажод қоил мешаванд. Аммо бисёриҳо то куҷо воқеъӣ будани натоиҷи ин назарсанҷиҳоро таҳти шубҳа мегузоранд. Бо ин вуҷуд, ба назари таҳлилгарон, ҳарчанд Аҳмадинажодро рақобати сахте дар таърихи 12 июн дар пеш аст, вале шикаст додани ӯ ҳам коре соддаву саҳл нахоҳад буд. Раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ба таври ошкоро аз ҳеҷ кадоми номзадҳо пуштибонӣ накардааст. Вале таҳлилгари эронии муқими Порис Ҳасани Шариъатмадорӣ мегӯяд, аз ишораҳои оятуллоҳ Хоманаӣ бармеояд, ки ӯ ҷонибдори интихоби дубораи Аҳмадинажод аст.

Шӯрои нигаҳбон 471 довталабро, ки дар байни онҳо ҳам мунаққидони давлат ва ҳам афроди бидуни таҷрубаи сиёсӣ будаанд, радди салоҳият кард. Муҳаммад Сайфзода, вакили мудофеъ ва раҳбари Кумитаи барои интихоботи озоду одилона, мегӯяд, поккории довталабон, ки Шӯрои нигаҳбон анҷом медиҳад, интихоботро аз озодиву адолат пок мекунад.

Дар интихоботи рӯзи 12 июни раёсатҷумҳурии Эрон ҳудуди 46 миллион нафари воҷиди шароити раъй ҳаққи ширкат доранд. Раисиҷумҳури Эрон, ки дар низоми Ҷумҳурии исломӣ раҳбарии давлатро бар ӯҳда дошта, аммо аз салоҳиятҳои чандоне бархӯрдор нест, барои 4 сол интихоб мешавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG