Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шӯрои нигаҳбони Эрон аз байни беш аз 470 довталаб номзадии 4 нафар ба ҳайси номзад ба интихоботи моҳи июни раёсати ин ҷумҳуриро таъйид кард.

Шӯрои нигаҳбон, як ниҳоди пурнуфуз дар низоми Ҷумҳурии исломии Эрон, аз ҷумла ба раисиҷумҳури кунунии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод барои мубориза ба манзури дарёфти давраи дуввуми раёсат ба истилоҳ “фотеҳаи роҳ” дод. Ин Шӯро ҳамин тавр, номзадии фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ Мӯҳсин Ризоӣ, сарвазири собиқ Мирҳусайн Мӯсавӣ ва раиси собиқи Маҷлиси Шӯрои исломӣ Маҳдӣ Каррубиро тасдиқ кард.

Шӯрои нигаҳбон, иборат аз 6 фақеҳ ва 6 ҳуқуқдони муттанаффиз, ҳаққи номзадии фақат 4 нафарро таъйид, вале номзадии 471 довталаби дигар, бо шумули 42 зан ва 1 писари 12-соларо радд кард. Ба ин тартиб, дар интихоботи рӯзи 12 июн ду номзади муҳофизакор – Маҳмуди Аҳмадинажоду Мӯҳсини Ризоӣ - ва ду намояндаи ҷиноҳҳои нисбатан мӯътадил ва ислоҳталаб – Мирҳусайни Мӯсавӣ ва Маҳдии Каррубӣ - вориди рақобати ниҳоӣ хоҳанд шуд.Аммо таъйиди имрӯзаи Шӯрои нигаҳбон амалан роҳро барои шурӯъи корзори пешазинтихоботӣ дар Эрон боз мекунад.

Маҳмуди Аҳмадинажод


Раисиҷумҳури кунунии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод 52 сол, зан ва 3 фарзанд – ду писару як духтар – дошта, ба хотири дарёфти давраи дуввуми раёсат вориди мубориза мешавад. Аҳмадинажод, ки соли 2005 бо ваъдаи таъмини як зиндагии шукуфо ва шоиста барои мардум ба қудрат расид, натавонист тайи давраи аввали раёсаташ ба мушкилоти иқтисодии Эрон ба таври бояд расидагӣ кунад. Таваррумит дар ҳоли афзоиш ва мизони низ рӯ ба афзоиши бекорӣ аз омилҳоеянд, ки боиси хеле пойин рафтани эътибори ӯ дар ҷомиаи Эрон шудаанд.

Маҳмуди Аҳмадинажод аммо боз ҳам бо ҳамон шеваву усули қадими мардумгароӣ мехоҳад, дар интихоботи қарибулвуқӯъ ба дили мардумаш роҳ биҷӯяд. Аз ҷумла бо таъкид ба ин ки ӯ аз хонаводаи як оҳангари оддӣ бархоста, як нафар аз ҳамин мардумони оддист ва ҳам бо исрор ба ҳаққи Эрон ба пешбурди фаъолиятҳои ҳастаӣ, ки як мояи аслии таниши Теҳрон бо ҷомиаи байналмилалӣ ва асосан кишварҳои ғарбист.

Мӯҳсин Ризоӣ


Мӯҳсин Ризоӣ, ки феълан 54 сол дошта, дабири Шӯрои маслиҳати низом, як ниҳоди дигари муттанаффиз дар низоми Ҷумҳурии исломист, ҳанӯз дар синни 27-солагиаш бо дастури раҳбари инқилоби исломӣ оятуллоҳ Рӯҳуллоҳ Хумайнӣ фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоб, як воҳиди пурнуфуз дар низоми нирӯҳои мусаллаҳи Эрон, таъйин шуд ва тайи 16 сол – то соли 1997 дар ҳамин симат ифои вазифа мекард.

Мӯҳсин Ризоӣ аз ҷумлаи он мақомоти аршади эронист, ки Аргентина бо иттиҳоми даст доштан дар бамбгузории 15 сол пеши мақари як созмони яҳудӣ дар Буэнос –Айрес таҳти таъқиб қарор додааст. Бар асари он ҳамла 85 нафар кушта шуда буд.
Ризоӣ феълан аз мунаққидони тунди раисиҷумҳури кунунист ва Аҳмадинажодро ба он айбдор мекунад, ки бо сиёсатҳои нодурусташ Эронро ба лаби варта овардааст.

Мирҳусайн Мӯсавӣ


Мирҳусайн Мӯсавӣ дар солҳои 80-уми асри гузашта, яъне дар айни ҷанги Эрону Ироқ, сарвазири Эрон буд, вале пасон канор рафт ва бо вуҷуди тайи 17 сол, яъне то ба қудрат расидани Маҳмуди Аҳмадинажод мушовири раисиҷумҳур буд, ҳузураш дар саҳнаи сиёсӣ чандон эҳсос намешуд. Мӯсавӣ худро ислоҳталаб, вале боз ҳам пойбанд ба усули инқилоби исломии соли 1979 меномад ва дар интихоботи ҷадид пуштибонии раисиҷумҳури собиқ ва ислоҳталаб Муҳаммади Хотамиро дар даст дорад.

Ӯ тааҳҳуд супурда, ки дар сурати пирӯзӣ чеҳраи тунди Эронро, ки тайи муддати раҳбарии Маҳмуди Аҳмадинажод дар чашми ҷомиаи байналмилалӣ ҳосил шудааст, ислоҳ хоҳад кард. Мӯсавӣ ҳамчунин гуфта, ки имкони музокирот бо раисиҷумҳури ҷадиди Амрико Барак Обамаро сарфи назар намекунад. Мӯсавии 67-сола як рақиби аслии Аҳмадинажод дар интихоботи 12 июн маҳсуб мешавад, вале ӯ низ ба ҳаққи Эрон барои пешбурди фаъолиятҳои ҳастаӣ таъкид мекунад. Мӯсавӣ мӯътақид аст, ки ягон давлат ҷуръат нахоҳад кард, ки аз ин роҳ ақиб бигардад.

Маҳдии Каррубӣ


Раиси собиқи Маҷлиси Шӯрои Исломӣ, парлумони Эрон беш аз ҳамаи номзадҳои дигари сабтиномшуда назари ислоҳталабӣ дорад, вале мегӯяд, аз даврони раёсатҷумҳурии Муҳаммади Хотамӣ сабақ бардоштааст ва дар амри мухолифат бо ҷиноҳҳои муҳофизакор аз эҳтиёти тамом кор хоҳад гирифт. Каррубии 72-сола даврони Хотамиро, ки Теҳрон тавассути пешниҳоди гуфтугӯи тамаддунҳо равобити сардаш бо Ғарбро каме об кард, “фурсати тилоӣ”-е меномад, ки ислоҳталабон аз даст доданд. Ӯ мегӯяд, дар сурати пирӯзиаш дар интихобот як роҳи миёна ва мӯътадилтарро пеш хоҳад гирифт.

Каррубӣ мегӯяд, ки ӯ дар муносибот бо кишварҳои хориҷӣ сиёсати бозтареро дунбол карда, мехоҳад иқтисоди Эронро, ки 80 дарсад таҳти назорати давлат қарор дорад, ба рӯи соҳибкорони хусусӣ ва ҳам барои сармоягузорони хориҷӣ боз кунад. Аммо ӯ ҳамзамон ҳушдор додааст, ки Ғарб набояд аз вай мунтазири гузашт дар мавриди фаъолиятҳои баҳсбарангези ҳастаии Эрон шавад, чунки чунин масоили стротежӣ берун аз салоҳияти танҳо раисиҷумҳур буда, масъулияташ бар ӯҳдаи раҳбари рӯҳонии Ҷумҳурии исломӣ оятуллоҳ Алии Хоманаист.

Маҳдии Каррубӣ дар интихоботи соли 2005 низ бо Маҳмуди Аҳмадинажод вориди рақобат шуда буд, вале он дафъа ноком шуд. Ӯ инак бори дуввум вориди ҳамон “рӯди қадим”-и интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG