Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Теъдоди қурбониёни суқути ҳавопаймо афзоиш ёфт


Теъдоди қурбониёни суқути ҳавопаймои С-130 “Геркулес” дар ҷазираи Яваи Индонезӣ ба 97 нафар расид. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, дар ҷойи ҳодиса , дар канори шаҳри Мадиун, дасти кам ду сокини маҳаллӣ ба ҳалокат расиданд. Ҳавопаймо ҳангоми сарозер шудан аввал ба биное бархурд ва сипас дар майдони шолӣ афтода оташ гирифт. Мақомоти Индонезӣ мегӯянд, ки теъдоди қурбониён миёни мусофирони ҳавопаймо шояд афзоиш ёбад.
Ҳавопаймои С-130 “Геркулес” аз шаҳри Ҷакарта ба пойгоҳи Исвахиадӣ парвоз мекард ва ҳамагӣ 4 километр дуртар аз фурудгоҳ суқут кард. Тафтиши сабабҳои ҳодиса идома дорад. Намояндаи нерӯҳои ҳавоии Индонезӣ хабар дод, ки дар ҳавопаймо, ба шумули халабонҳо, 109 нафар, аз ҷумла, дасти кам 10 кудак ҳузур доштанд.
XS
SM
MD
LG