Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати ду амрикоӣ дар Афғонистон


Бар асари инфиҷор дар канори шаҳри Кобул ду амрикоӣ - як низомӣ ва як мутахассиси мулкӣ кушта шуданд. Ба иттилоъи ҳайати фармондеҳии ИМА дар Афғонистон, мошини онҳо ба майни рӯи раҳ бархурд.
Низомиёни амрикоӣ ҳамчунин хабар доданд, ки аз ҳамлаи ҳавопаймоҳои ҳарбӣ ба мавқеъҳои толибон дар вилояти Ҳилманд ҳашт тан аз сокинони осоишта ба ҳалокат расиданд. Онҳо мусаллаҳони “Толибон”-ро дар он муттаҳам карданд, ки аз мардуми маҳаллӣ ҳамчун “сипари зинда” истифода мебаранд.
Аз ин пеш ҳайати фармондеҳии Эътилофи байнулмилалӣ эълом дошт, ки бар асари бомбборони рӯзи 4 май дар ғарби Афғонистон на бештар аз 30 сокини осоишта ҷон бохтаанд. Мақомоти Афғонистон мегуфтанд, ки теъдоди қурбониёни ин ҳодиса 140 нафар аст.
XS
SM
MD
LG