Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоби раисиҷумҳури Молдова ба таъхир уфтод


Парлумони Молдова имрӯз ба интихоби раисиҷумҳур муваффақ нашуд. Барои пирӯзии номзад аз ҳизби ҳукмрони коммунист – сарвазир Зинаида Гречани ҳамагӣ як раъй камӣ кард. Ҳизби коммунисти Молдова дар парлумон фақат 60 вакил дорад, дар ҳоле, ки барои интихоби раисиҷумҳур 61 раъй зарур аст. Аҳзоби мухолифи ҳукумат интихоботро таҳрим эълон карда буданд ва аз пешбарии номзади худ ба мақоми раисиҷумҳур сарпечӣ намуданд. Аз ин пеш ин аҳзоб эълом доштанд, ки “раъйи тиллои”-и худро ҳифз хоҳад кард ва ба ҳизби коммунист имкони интихоби раисиҷумҳури навро нахоҳад дод. Номзади алтернативӣ дар интихобот ҳам номзади ҳизби коммунист – академик Станислав Гроппа буд.
XS
SM
MD
LG