Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷо Байден вориди Белград шуд


Ҷо Байден, нойиби раисиҷумҳури ИМА, дар чаҳорчӯби сафараш ба нимҷазираи Балкан имрӯз вориди Белград шуд. Интизор меравад, ки дар ҷараёни музокироти ӯ бо мақомоти Сербия, аз ҷумла, мавзӯъи Косово баррасӣ шавад. Ҷо Байден қабл аз ин сафар изҳор намуд, ки “ба эътирофи истиқлоли Косово аз сӯи Сербия дар ояндаи наздик хушбин нест” ва аммо аз ҳамкории Белград бо намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Приштина истиқбол хоҳад кард.
Ҷо Байден воломақомтарин сиёсатмадори амрикоист, ки тайи 30 соли ахир аз Сербия дидан мекунад. Равобити миёни Вошингтон ва Белград дар охирҳои солҳои 90-ум, замони даргириҳо дар Косово ва, ба вижа, баъди бомбборони қаламрави Сербия аз сӯи ҳавопаймоҳои НАТО ба сардӣ гароид.
XS
SM
MD
LG