Пайвандҳои дастрасӣ

Олег Янковский оламро падруд гуфт


Ҷанозаи ҳунарманди маъруфи рус ва Артисти халқии СССР Олег Янковский 22 май ба хок супурда мешавад. Маросими видоъ бо ӯ дар бинои театри “Ленком”-и Маскав баргузор хоҳад шуд, дар театре, ки Олег Янковский дар саҳнаи он тайи беш аз 35 сол даҳҳо нақшҳои ҷолиб офаридааст. Ҳунарманди шинохта субҳи имрӯз бар асари маризии саратон дар яке аз бемористонҳои Маскав аз олам даргузашт.
Олег Янковский дар синамо ҳам даҳҳо нақшҳои хотирмон бозидааст, филмҳо бо ширкати ӯ - “Сипар ва шамшер”, “Мӯъҷизаи оддӣ”, “Ҳамон Мюнҳаузен”, “Парвозҳо дар хобу бедорӣ” то имрӯз дар кишварҳои собиқ шӯравӣ маъруфанд.
XS
SM
MD
LG