Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Модари Лиза хостори қатли хирс шуд


Лиза (аз тарафи рост) танҳо нафаре нест, ки дар боғи ҳайвоноти Душанбе аз дасташ маҳрум шудааст

Лиза (аз тарафи рост) танҳо нафаре нест, ки дар боғи ҳайвоноти Душанбе аз дасташ маҳрум шудааст

Бо вуҷуди ин, ки баҳсҳои бардавоми додгоҳӣ ба фоидаи Елизаветта Шнягина, духтари дар боғи ҷонварони Тоҷикистон аз як даст маҳрумшуда, анҷом ёфт, аммо волидайни ӯ ахиран аз мақомот тақозо кардаанд, ки ин хирси боғи ҷонварон кушта шавад.

Ҷамшед Ҳидоятов, вакили дифои Елизаветта ё Лиза - духтаре, ки чор сол пеш дар боғи ҷонварони Душанбе дасти ӯро хирс газида буд, мегӯяд, ҳодисаи бо зерҳимояи ӯ рӯхдода ягона нест ва то кунун ба гуфтаи ӯ, 5 нафари дигареро пайдо кардаанд, ки бар асари ҳамлаи хирс аз даст ё пойи худ маҳрум шудаанд, вале мегӯяд ӯ, ин хирси, ба қавле, одамхор то ба ҳол дар боғи ҷонварон қарор дорад:

«Аз ҳама таҷҷубовар ин аст, ки ба суоли ман раҳбари боғи ҷонварон посух дод, ки хирс то ба ҳол зинда ва дар ин боғ қарор дорад ва ягон чорае нисбати ӯ андешида нашудааст. Онҳо мегӯянд, хирс гуноҳе надорад ва гунаҳгор онҳоеанд, ки кӯдаконро ба боғи ҷонварон меоранд, яъне омӯзгорону волидон. Ман фикр мекунам, хирс ба дигар кӯдакон ҳам хатар дорад, чун тавре омӯхтам, хирс агар як маротиба лаззати хуну гушти одамро чашид, вай одат кардаву дигар ин амалашро идома хоҳад дод ва имкон дорад боз чандин кӯдаки дигарро чунин маълул созад».

Аслан қазияи аз як даст маҳрум шудани Елзиветта ё Лиза моҳи майи соли 2006 рух дода буд. Лизаи он замон 10-сола ҳамроҳи падараш ба тамошои боғи ҷонварони Душанбе меояд ва мавриди ҳамлаи хирс қарор мегирад. Олга Кострикова, модари Лиза, барои ҷуброни модиву маънавӣ ба додгоҳ шикоят бурд ва ахиран бо гузашти чор сол Муҳаммадҷон Мирзоев, собиқ раҳбари боғи ҷонварон, аз сӯйи додгоҳи ноҳияи Сино бо иттиҳоми бемасъулиятӣ айбдор ва ба 5 соли зиндон маҳкум шуд. Аммо бо такя ба қонуни авфи шаҳрвандон, ки моҳи майи соли 2006 қабул шуда буд, вай аз толори додгоҳ озод шуд.

Олга Кострикова, модари Лизаи акнун маълул, мегӯяд, агарчӣ аз ин ҳукми, ба қавле, одилона розӣ аст, аммо боз ҳам ӯ хостори муҷозот шудани раҳбари боғ ва пардохти ҷубронпулӣ барои табобат ва хариди дасти сунъӣ барои духтараш будааст:

«Талабам ин аст, ки маблағи дасти сунъии духтарамро чӣ қадаре, ки лозим аст пардохт шавад. Дасти сунъӣ дар Маскав гузошта мешавад ва дуввум - ин таъмини духтари маълулам бо нафақапулӣ аст. Ин кӯдак маълули модарзодӣ нест ва боғи ҷонварон чун як ниҳоди давлатӣ бояд ба ӯ кумакпулӣ муайян кунад ва талаби саввумам пардохти маблағи нафаре, ки ба ӯ кумак мекунад. Чун духтарам ба кумаки нафари дуввум ниёз дорад ва инро касе ройгон нахоҳад кард».

Елизаи маҷруҳ дар беморхона, майи соли 2006
Ин дар ҳолест, ки Муҳаммадҷон Мирзоев, собиқ раҳбари боғи ҷонварон, тасмим дорад барои дигарбора баррасӣ шудани ин парванда ба додгоҳи шаҳри Душанбе муроҷиат кунад. Вай ҳукми ноҳияи Синоро ғайримунсифона хонда, ҳамоно дар бе назорат гузоштани духтарак дар боғи ҷонварон волидони ӯро муқассир мешуморад:

«Дар чиптаҳо навишта шудааст, ки аз панҷара дарун надароед, ба ҷонварҳо хӯрок надиҳед ва онҳоро оташин накунед, вале онҳо кӯдакро аз баландии беш аз 1 метр даровардаанд ва ӯ ба хирсҳо хӯрок додааст».

Аммо дар мавриди даъвои волидони Елизаветта барои куштани хирси боғи ҷонварони Душанбе Муҳаммадҷон Мирзоев мегӯяд, ин хирс ҳорӣ набуда, ташхисҳо муайян кардаанд, ки солим аст ва набояд кушта ё аз боғи ҷонварон берун карда шавад.

Абдураҳмон Маҳмадшоев, раҳбари маркази байтории ҷумҳуриявӣ, мегӯяд, маъмулан хирс ва ё аслан ҷонварони ҳорӣ баъд аз 10 рӯзи газидани одам мефавтанд ва ҳамингуна хатар ба шахси осебида низ вуҷуд дорад:

“Нобуд кардани ин хирс аз рӯи адолат нест. Дар тамоми ҷаҳон ҳаракат в тарғиб мекунанд, ки нисбат ба ҳайвон одамон бояд раҳмдил бошанд. Агар ӯ ақл медошт албатта кӯдакро намегазид”.


Байтор Маҳмадшоев сар задани чунин ҳодисаро ба бемасъулиятии мақомоти боғи ҷонварон рабт медиҳад, ки натавонистаанд бехатарии тамошобинони боғро таъмин кунанд. Бо ин ҳол Елизаветта, ки аз захми дандонҳои хирс то ҳанӯз ранҷ мебарад, мегӯяд, батадриҷ ва бо мушкилоти зиёд ба зиндагии маълулӣ одат мекунад. Вай мегӯяд, ҳамчунон аз боғи ҷонварон хотироти нохуш дорад, ки дигар майлаш барои тамошои ҷонварони афсонавӣ ва замоне дӯстдоштаашро қатъ кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG