Пайвандҳои дастрасӣ

Суқути як ҳавопаймои нақлиётии индонезӣ болои хонаҳои маскунӣ дар ҷазираи Ява ҳадди ақал 78 кушта бар ҷой гузоштааст.

Мақомот гуфтаанд, ҳадди ақал ду нафар аз кушташудагон сокинони хонаҳо будаанд ва боқимонда мусофирони ҳавопаймо будаанд. Ҳавопаймо ҳомили 100 мусофир будааст ва аз Ҷакарта, пойтахти Индонезия ба сӯи шарқи Ява парвоз доштааст, ба маҳалле ки суқут кард.

Дар мавриди сабабҳои ин садама то ҳанӯз чизе гуфта нашудааст.
XS
SM
MD
LG