Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қазоқистон барои ба сармоягузорони хориҷӣ ҷиҳати баҳрабардорӣ супоридани анқариб 3,5 миллион гектар замини бекорхобида омода аст.

Армон Евниев, муовини вазири кишоварзии Қазоқистон ба хабаргузориҳо гуфтааст, мувофиқи ҳисоби мутахассисон ин миқдор замин дар кишвар бо ин ё он сабаб то ба имрӯз дур аз баҳрабардорӣ мондаанд. Дар ин заминҳо метавон ҳар гуна маҳсулоти кишоварзӣ рӯёнид ва ё ғизои чорво истеҳсол кард.

Ҳадаф аз ин тадбири ҳукумат, ба гуфтаи Талгат Толиббойули, сухангӯи вазорати кишоварзии Қазоқистон, ҷалби сармояи хориҷӣ барои истифодаи заминҳои бекорхобида ва аз он суд бардоштан аст. Вай афзуд, алъон феҳристи корхонаҳое мавҷуданд, ки омодаанд ба сармоягузорони хориҷӣ ин заминҳоро бигзоранд ва ё аз онҳо ба таври муштарак истифода намоянд. Ин гоми ҳукуматро иқтисодшинос Канат Берентаев роҳе барои рушди кишоварзӣ медонад, ки алъон дар вазъи душвор қарор дорад. Зеро,тавре оқои Берентаев мегӯяд, дар замони Шӯравӣ Қазоқистон замини кишти хеле зиёд дошт ва баъди касби истиқлолият чун замин ба дасти фермерҳо гузашт, бархе аз онҳо чун васоити фаннӣ надоштанд, заминҳоро шудгору кишт карда натавонистанд ва дар натиҷа он заминҳо аз истифода берун шуданд. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони мо, барои ба риштаи кишоварзӣ ҷалб кардани сармоягузорон ва соҳибкорони хориҷӣ қонунгузории Қазоқистон мусоидат мекунад ва тибқи қонун дар ин ҷо шаҳрванди хориҷӣ метавонад заминро ба муддати 10 сол иҷора гирифта, аз он истифода намояд.

Тавре соҳибкор ва рӯзноманигори тоҷики муқими Қазоқистон Саломиддин Мирзораҳматов мегӯяд, дар ин кишвар аз ҷумлаи тоҷикон сармоягузорон ва соҳибкороне, ки дар риштаи кишоварзӣ фаъолият мекунанд, кам нестанд. Саломиддин мегӯяд, аз ҷумла, Толиб Санъатқулов дар вилояти Костанай ба кишоварзӣ машғул аст. Вай гандум, зағир ва ҷав кишт мекунад. Дар ин ҷо Миразиз Усмонов ҳаст.

Ба гуфтаи Инъомиддин Сайфиддинов, раиси кулли ширкати «Асел Арман», (Миразиз Усмонов муассиси ҳамин ширкат аст), дар ин ширкат 1300 коргар фаъолият мекунад ва шуғли асосии онҳо кишоварзист. Инъомиддин иброз медорад, ширкат 40 ҳазор гектар замин дорад ва аз он тавассути васоити замонавии фаннӣ 22 ҳазор гектарашро киштбоб кардаанд. Ширкат дар шаҳри Кокчетав корхонаи орд дорад, ки дар як шабонарӯз 120 тонн орд мебарорад. Ҳамчунин, то 90 дарсади ҳосилро дар шакли гандум ё орд ба Тоҷикистон мефиристад. Дар ин ширкат 150 шаҳрванди Тоҷикистон кор мекардаанд.

Ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, дар ин кишвар воқиан барои пешбурди риштаи кишоварзӣ шароит мусоид аст. Қабл аз ҳама Қазоқистон дорои заминҳои зиёди бекорхобида аст, ки чун кафи даст ҳамвор мебошад. Аз ин хотир, дар ин ҷо ҳар касе бихоҳад метавонад дар риштаи кишоварзӣ фаъолият намуда, ба комёбӣ муваффақ шавад ва ҳам ба худ ва ҳам ба Қазоқистону кишвари хеш суд оварад. Ба вижа,тавре рӯзноманигор Саломиддин Мирзораҳматов мегӯяд, бозаргону соҳибкорони тоҷик дар ин маврид имконоти фаровон доранд, зеро онон ва падару бобоҳояшон аз даврони бостон бо кишоварзӣ машғуланд ва дар ин кор таҷрибаи фаровон доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG