Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муроҷиати Тоҷикистон ба Созмони Милал


Ҳукумати Тоҷикистон аз Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ тақозо кард, ҷиҳати рафъи оқибатҳои фалокатҳои табии харобиовар ба ин кишвар кӯмак кунанд. Дар ин бора Сироҷиддин Аслов – сафири Тоҷикистон дар Созмони Милал хабар дод ва рӯзи сешанбе ба радиои ин созмон гуфт:"Имрӯз ба дабири кулл, муроҷиати ҳукумат доир ба фалокатҳои табиӣ дар кишвари мо расонда мешавад. Фалокат бештар аз 40 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистонро фаро гирифтааст ва ҳаҷми хисорот аз ин фалокатҳо бар асоси ҳисобҳои муқаддамотӣ тақрибан 100 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад." Бар асари боришоти зиёду сел ва лағшиши хок дар моҳҳои апрел ва май дар Тоҷикистон садҳо хонавода осеб дида ва бештар аз 20 нафар ҳалок шуданд. Ба гуфтаи Сироҷиддин Аслом бар асари ин фалокатҳои табиӣ 10 ҳазор нафар бесарпаноҳ мондаанд.
XS
SM
MD
LG