Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Номаи Раҳмон ба шоҳи Арабистони Саудӣ


Ҳамроҳхон Зарифӣ - вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, ки дирӯз бо як сафари расмӣ вориди Арабистони Саудӣ шуд, қарор аст, бо шоҳи ин кишвар, Абдулло Абдулазиз бин Ассауд мулоқот кунад. Бино ба иттилоъи вазорати умури хориҷа, дар ҷараёни мулоқотҳои расмии Ҳамроҳхон Зарифӣ бо мақомоти олии Арабистони Саудӣ ҳамкориҳои феълии иқтисодӣ ва муносиботи ояндаи байни ду кишвар баррасӣ хоҳад шуд. Хабаргузории расмии Арабистони Саудӣ мегӯяд, Ҳамроҳхон Зарифӣ рӯзи сешанбе бо Амир Ноиф бин Абдулазиз Ассауд – вазири умури дохилаи он кишвар мулоқот карда ва номаеро аз номи Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Шоҳи Арабистони Саудӣ супурдааст. Яке аз ҳадафҳои сафари Ҳамроҳхон Зарифӣ ба Арабистони Саудиро дархости кӯмакҳои молӣ ба Тоҷикистон медонанд, ки бар асари бӯҳрони иқтисодӣ ва фалокатҳои табиӣ хисороти зиёде дидааст.
XS
SM
MD
LG