Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зукоми хук 10 ҳазор нафарро бемор кард


Теъдоди мубталоён ба бемории хатарноки зукоми хук рӯзона то ба 1000 нафар афзуда ва дар маҷмӯъ тақрибан ба 10 ҳазор нафар расидааст. Мексика, ки бемории мазкур аз онҷо бархост, марги чаҳор нафари дигар аз ин бемориро таъйид кард. Вале вазорати беҳдошти Мексика мегӯяд, эпидемияи ин беморӣ дар ҳоли коҳиш ёфтан аст. Дар ин кишвар дар маҷмӯъ тақрибан 3 750 нафар ба зукоми хук гирифтор шудаанд. Ин бемории нав, ки омехтаи вируси зукоми хуку парранда ва инсон аст, дар саросари ҷаҳон бештар аз 74 нафарро куштааст.
XS
SM
MD
LG