Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи ҳавоии Исроил ба Навори Ғазза


Хабаргузориҳо аз қавли шоҳидони фаластинӣ навиштаанд, ки ҳавопаймоҳои Исроил рӯзи сешанбе як маҳаллии ҳаммарзи Навори Ғазза бо Мисрро бомбборон кардаанд. Пеш аз ин ҳамла аз ин маҳал як мушаке ба самти Исроил андохтаанд, ки дар дохили як шаҳри ин кишвар суқут кард. Доир ба асароти ҳамлаи ҳавоии Исроил гузорише нарасидааст. Ба навиштаи хабаргузоришҳо, ҳавопаймоҳо зоҳиран нақбҳоеро нишон гирифтаанд, ки ба гуфтаи Исроил аз тариқи онҳо аз Миср ба Ғазза силоҳ қочоқ мекунанд.

XS
SM
MD
LG