Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми 32 исломгарои қирғиз тағйир наёфт


Додгоҳи Олии Қирғизистон ҳукми 32 исломгарои мазнунро дуруст донист, ки ҳангоми таҷлили Иди Рамазони соли гузашта бо маъмурони пулис бархӯрд карданд, вале мӯҳлати тӯлонии зиндони баъзе аз онҳоро камтар кард. Моҳи октябри соли гузашта як гурӯҳи 150 нафарии тазоҳургарон дар Қирғизистон бо кормандони пулис бархӯрд карданд. Баъди ин даҳҳо нафарашон боздошт ва то ба 20 соли зиндон маҳкум шуданд. Ин афродро аъзои созмони тундрави Ҳизб – Ут – Таҳрир медонанд, ки фаъолияташ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мамнӯъ шудааст. Додситони кулли Қирғизистон гуфт, “ҳукми зиндони ин афрод, аз 9 то ба 5 ва аз 20 то ба 17 соли зиндон кам карда шудааст. Маҳкумшудагон худро бегуноҳ хонда ва гуфтаанд, ки узви кадом гурӯҳе намебошанд.
XS
SM
MD
LG