Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози музокироти муҳими Амрикову Русия


Мақомоти Русия ва Амрико рӯзи сешанбе музокирот дар мавриди созишномаи наверо шурӯъ карданд, ки қарор аст, ҷойи аҳдномаи таърихии халъи силоҳи ҳастаӣ дар замони Ҷанги Сардро иваз намояд. Ҳайъати расмии Амрикоро Роуз Гётемёллер – ёвари вазири умури хориҷаи Амрико ва ҳайъати Русияро Анатолий Антонов - раҳбари бахши амният ва назорати силоҳҳои вазорати умури хориҷаи Русия раҳбарӣ мекунанд. Ин ҳайъатҳо ду рӯз доир ба созишномае гуфтӯгу хоҳанд кард, ки бояд ҷойгузини Аҳдномаи Коҳиши Силоҳҳои Стротежӣ шавад, ки ин аҳднома соли 1991 имзо шудааст ва мӯҳлати эътибори он охири ҳамин сол ба поён мерасад. Бан Ги Мун – дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид ба музокиракунандагон барори кор орзу намудааст.
XS
SM
MD
LG