Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Байден раҳбарони Боснияро сарзаниш кард


Ҷозеф Байден – муовини раиси ҷумҳури Амрико, раҳбарони Боснияро башиддат танқид кард ва ҳушор дод, ки идомаи ихтилофоти қавмӣ метавонад, Боснияро ба доми ҳараҷу мараҷи ҷанги хунини солҳои 90 дар Балкан баргардонад. Зимни суханронӣ дар порлумони Босния дар шаҳри Сараево Ҷозеф Байден гуфт, Амрико аз роҳи пешгирифтаи Босния нигарон аст, зеро бо ин хатти маш Босния ҳамчун яке аз кишвари фақиртарини Аврупо боқӣ мемонад ва ё дигарбора гирифтори хушунат мешавад. Раҳбарони Босния, ки намояндаҳои қавмҳои мухталифанд, пас аз созишномаи сулҳи 1995, ки ба ҷанги сесола дар Босния хотима дод, борҳо бо ҳам ҷанҷол кардаанд. Ин кашмакашҳои онҳо, монеъи пайвастани Босния ба Иттиҳодияи Аврупо шудааст. Ҷозеф Байден гуфт, ягона роҳи Босния ба сӯи амнияту шукуфоӣ, пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупост, вале Босния дар ин самт роҳгум задааст.
XS
SM
MD
LG