Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки Амрико барои оворагони Покистон


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, ба Покистон 100 миллион доллар кӯмаки молӣ медиҳад, то ба мардуми беҷошудааш, ки бар асари ҷанги нерӯҳои ҳукуматӣ бо Толибон овора шудаанд, кӯмак расонад. Ҳилларӣ Клинтон – вазири умури хориҷаи Амрико, дар Кохи Сафед гуфт, ин посухи кишвараш ба дархости ҳукумати Покистон будааст. Кӯмаки 100 миллиондолларӣ барои таъмини оворагон бо хаймаву маводи ғизоӣ, об ва дигар ашёи зарурӣ пешбинӣ шудааст. Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ҳамин моҳ ва дар ҷараёни ҷанги ҳукумат алайҳи Толибон дар Водии шимолуғарбии Свот, якуним миллион нафар покистонӣ аз маҳалҳои зисти худ фирор кардаанд.
XS
SM
MD
LG