Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эҳтимоли бозгашти ҲИУ то куҷо воқеъист?


Аҳолӣ ҳамчунон бошитоб аз водии ҷангзадаи Свот фирор мекунад.

Аҳолӣ ҳамчунон бошитоб аз водии ҷангзадаи Свот фирор мекунад.

Дар ин рӯзҳо вазъ дар манотиқи шимолии Покистон дар сархатти хабарҳои муҳими ҷаҳонӣ қарор дорад.

Нируҳои ҳукуматӣ амалиёти густардаи худро дар водии Свот идома медиҳанд ва ба сӯи Мингора - шаҳраки аслии ин минтақа, ки пойгоҳи муҳими Толибон дониста мешавад, пеш мераванд. Ҳатто дар бораи ҷангҳои хиёбонии миёни нирӯҳои артиш ва шӯришиёни Толибон дар баъзе аз шаҳракҳои ин водӣ гузоришҳо мерасад.

Коршиносони минтақаӣ мегӯянд, ки дар миёни нирӯҳои Толибон гурӯҳҳои ситезаҷӯ ва ифротгарои исломӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ низ дар ин даргириҳо ширкат доранд. Гарчӣ аз Тоҷикистон бо ин нирӯҳо гурӯҳи муназзаме мисли Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон, Иттиҳоди Ҷиҳоди Исломӣ ё Ҷунбиши Исломии Туркистони Шарқӣ вуҷуд надорад, вале ин нукта мусаллам аст, ки ҳадафи ҳамаи ин гурӯҳҳо ба ҳам задани суботи вазъ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва рӯи кор овардани низомҳое, аз қабили низоми хилофат, ба шумор меравад. Тоҷикистон дар ин миён истисно нест.

Дар ин шабонарӯзҳо дар вилояти шимоли ғарбии Покистон даргириҳои ҷиддие идома дорад, ки дар гузаштаҳо мислашро Покистон надидааст. Ҳамроҳ бо нирӯҳои Толибон аносири тундгаро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ низ дар ин даргириҳо аз Толибон ҳимоят мекунанд. Атҳар Аббос-сухангӯи артиши Покистон мегӯяд, дар ин даргириҳо тундравҳои Осиёи Марказӣ низ кушта ё дастгир шудаанд: "23 нафари онҳо дар ин амалиёт кушта ва шуморе дигар боздошт шудаанд ва он аз тариқи телевизион низ намоиш дода шуд".

Атҳар Аббос имкони рахнаи чунин нирӯҳо ба Афғонистон ва аз он ҷо ба кишварҳои Осиёи Марказиро истисно намедонад.
Раҳматуллоҳ Абдуллоев - коршиноси тоҷик аз маркази таҳлилии умури Афғонистон ва минтақа дар шаҳри Душанбе низ имкони анҷоми ҳамлаҳои фаромарзии нируҳои ситазеҷӯи исломӣ ба Тоҷикистонро рад намекунад: "Албатта, имконият вуҷуд дорад. Як мушкил ин аст, ки минтақаҳои ҳаммарз бо Читроли Покистон ва Бадахшони Афғонистон аз лиҳози ҷуғрофӣ минтақаҳои кӯҳистонӣ ва душворгузар мебошанд. Барои ҳамин онҳо метавонанд барои таъсир гузоштан ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон аз ин минтақаҳо истифода баранд".

Баъд аз суқути Толибон дар Афғонистон дар соли 2001 майдони фаъолият ва ҷойи машқ дар ин кишвар барои Толибон ва нирӯҳои тундгарои Осиёи Марказӣ маҳдуд шуд ва онҳо дар манотиқи қабиланишини шимоли Покистон паноҳгоҳ пайдо карданд. Яъне бо омадани нируҳои эътилофи зидди террор дар Афғонистон ин нирӯҳои тундрав аз марзи кишварҳои Осиёи Марказӣ дур андохта шуданд. Аммо таҳлилгарон мегӯянд, бо вуҷуди анҷоми амалиёт бар зидди онҳо дар водии Свот хатари ҳамлаи фаромарзии ин нирӯҳо ба Осиёи Марказӣ аз байн нарафтааст. Абубакр Сиддиқӣ - таҳлилгари умури Афғонистону Покистон дар радиои Озодӣ мегӯяд, ҳамеша ин имкон вуҷуд дорад, ки агар нирӯҳои Толибон ва Ал -Қоида назорат бар манотиқи шимоли ғарби Покистонро ба даст оранд, тавассути Читрол ва коридори Вахон дар шарқи Тоҷикистон ҳамлаҳои фаромарзӣ анҷом диҳанд: "Ҳамеша ин имкон вуҷуд дорад, ки агар ситезаҷӯён назорат ба шимоли ғарби Покистонро ба даст дароранд, онҳо метавонанд ба шарқи Тоҷикистон, ба Бадахшон рахна кунанд. Матбуоти маҳалии Покистон хабар медиҳад, ки баъзе аз ин ситезаҷӯён аз Осиёи Марказӣ мебошанд ва бо Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон, бо Иттиҳоди Ҷиҳоди Исломӣ ва бо Ҷунбиши Исломии Туркистони Шарқӣ, ки аз мусулмони норозии Чин иборат аст, пайвастаанд".

Аз Раҳматуллоҳ Абдуллоев мепурсам, дар сурати мавҷудияти имкони чунин ҳамлаҳои фароарзӣ оё кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, аз чунин вазъ нигарон нестанд? Оқои Абдуллоев гуфт: "Албатта, вазъ дар ин кишварҳо имрӯз тағйир ёфтааст, яъне Тоҷикистони имрӯза аз Тоҷикистони ибтидои солҳои 90-уми қарни гузашта фарқ мекунад. Иқтидори ҳам низомӣ ва ҳам иқтисодии Тоҷикистон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ хеле мустаҳкам шудааст. Вале ба ҳар ҳол, хатари таҳдид вуҷуд дорад ва ман фикр мекунам, ки давлатҳои минтақа омодагӣ доранд ва нигарон ҳам ҳастанд. Созмони Амнияти дастаҷамъӣ, ки кишварҳои минтақа ба он шомиланд, вазифааш аз ҳамин иборат аст".

Абубакр Сиддиқӣ мегӯяд, кишварҳои минтақа, аз қабили Покистону Афғонистон ва Чину Эрон ё кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷонибдори тақвияти ин нирӯҳо нестанд. Вале ин тундравҳо саъй мекунанд, нодорӣ ва шароити зисти мардум дар кишварҳои Осиёи Марказиро барои идомаи мавҷудияти худ истифода кунанд: "Далеле, ки то ҳол боиси мавҷудияти онҳо шудааст, низомҳои худкома ва нодорӣ дар Осиёи Марказӣ, ба вижа дар водии Фарғона мебошад. Мо бояд аз ёд набарем, ки набуди озодиҳои мазҳабӣ, ба вижа дар кишварҳое аз қабили Ӯзбакистон ва Туркманистон низ баъзе сабаби пайвастани ҷавонон ба Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон мешавад, ҳаракате, ки афроди он дар Покистонанд".

Аъзои гурӯҳҳои тундрав, ки ҳоло дар Покистон ба сар мебаранд, дар кишварҳои худ дар Осиёи Марказӣ аз афроди матлуб ба шумор намераванд. Ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ин гурӯҳҳоро шӯришиёни инқилобӣ мешиносанд, ба ин далел онҳо ҳеҷ гоҳ розӣ нестанд, ки чунин нирӯҳоро дар кишварашон бипазиранд. Бо назардошти чунин вазъ суоли пешомада ин аст, ки бо ин афрод чӣ бояд кард? Абубакр Сиддиқӣ-таҳлилгари минтақаӣ мегӯяд: "Дар ин замина навъе талошҳои байналмиллалӣ зарур аст. Ман фикр мекунам, ки ҳоло мақомоти расмии ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ин мушкили сиёсӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, ки бо ин нирӯҳо чӣ бояд кард? Покистон ва Афғонистон наметавонанд ин гурӯҳҳоро бипазиранд, зеро кишварҳои минтақа онҳоро барои чунин кор интиқод мекунад ва идаъо мекунанд, ки шӯришиёнро дар хоки худ ҷо додаанд ва амнияти онҳоро зери хатар мебаранд. Чунин кор муносиботи ин кишварҳоро халалдор мекунад. Ба ин сабаб худи кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд наҳваи бархӯрд бо ин шӯришиёнро таъйин кунанд".

Аммо кишварҳои Осиёи Марказӣ ин нирӯҳоро ҳамеша ҷинояткор эълон кардаанд ва бар зидди онҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз кардаанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG