Пайвандҳои дастрасӣ

Комиссиюни марказии интихобот дар ҳоле аз фаъолияти камранги аҳзоби сиёсии Тоҷикистон танқид кард, ки то интихоботи навбатии парлумонӣ камтар аз даҳ моҳ боқӣ мондааст.

Муҳибуллоҳ Додоҷонов, раҳбари дафтари Комиссиюни марказии интихобот, ба “Озодӣ” гуфт, бештари аҳзоби сиёсӣ дар манотиқи Тоҷикистон намояндагии ибтидоии худро надоранд ва ин ба ширкати фаъоли онҳо дар интихобот халал ворид мекунад: “Пайравонашон дар минтақаҳо каманд ва ин далели он аст, ки онҳо дар минтақаҳо кам фаъолият мекунанд. Бисёр мехостам, дар фурсати боқимонда бо одамони одӣ мулоқот карда, барномаҳои худро фаҳмонанд ва дар интихобот сарбаландона ширкат кунанд…”

Ба гуфтаи Муҳибуллоҳ Додоҷонов, афзоиши аъзои аҳзоби сиёсӣ дар минтақаҳо, бахусус дар минтақаи Хатлон, ки бештар аз як миллион интихобкунанда дорад, хеле заиф будааст. Вай мегӯяд, дар ин минтақа танҳо дар як соли гузашта агар Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон соҳиби се узв шуда бошад, Ҳизби сотсиалист соҳиби чор узв шудаасту тамом. Ба ин маънӣ вай пирӯзии аҳзоби, ба истилоҳ, оппозитсиониро дар интихоботи навбатии парлумонӣ таҳти суол бурда, ба он ҳама худи аҳзобро масъул донист. Аммо Муҳибуллоҳ Додоҷонов аз кори ҳизбҳои наҳзати исломӣ, коммунист ва халқӣ-демократӣ бо қаноатмандӣ ёд кард. Вай гуфт, ин ҳизбҳо натанҳо пайравону аъзои бештаре доранд, балки аз минбарҳои иттилотии худ ҳам пайваста истифода мекунанд.

Абдуғанӣ Мамадазимов, раҳбари сиёсатшиносон, ҳам фаъолияти ин се ҳизби сиёсӣ аз миёни ҳашт ҳизби сиёсии Тоҷикистонро, ки дар парлумон намоянда доранд, қаноатбахш донист. Вай гуфт, ҳизбҳои дигари сиёсӣ ба далели мушкили молӣ ва сохторӣ наметавонанд дар саҳнаи бисёрҳизбии Тоҷикистон рақобат кунанд. Оқои Мамадазимов агарчӣ пешгӯйӣ намекунад, аммо ба ин бовар аст, ки дар солҳои наздик ҳизбҳои кӯчак бо ҳизбҳои бузург мепайванданд ва ба гуфтаи ӯ як низоми сеҳизбиро дар Тоҷикистон асос хоҳанд гузошт: “Ин ҳизбҳо, ки фаъолияти хеле заъиф доранд, дар оянда бояд бо ин ё он ҳизби бузурги сиёсӣ пайванданд. Фикр мекунам, дар мо аз навъи бисёрҳизбӣ низоми сеҳизбӣ боқӣ хоҳад монд”.

Талоши мо барои дарёфти посух ё вокуниши намояндагони ҳизбҳои ислоҳоти исқтисодӣ, кишоварзӣ ва сотсиалистӣ дар баробари иддаои Кумисюни марказии интихобот чандон муваффақ набуд. Аммо Ҳикматулло Сайфуллозода, як масъули Ҳизби наҳзати исломӣ, бар хилофи назари Муҳибуллоҳ Додоҷонов танқиди Кумисюни марказии интихобот рӯйи фаъолияти ҳизбҳои сиёсиро бепоя хонд. Вай гуфт, ин кумисюн, ки дар Тоҷикистон ба ном вуҷуд дорад ва ниҳоди мустақил нест, наметавонад аз ҳизбҳои сиёсӣ танқид кунад: “Агар комиссиюни марказии интихобот дар мавриди омодагиҳо ба интихобот сӯҳбат мекунад, қабл аз ҳама, корҳои воқеии худро матраҳ кунад. Яъне кадом корҳоро дар ин самт то кунун ба анҷом расонидааст, ба ҷуз аз дархости манфиатҳои худ? Он ҳам дар мавриди дарёфт кардани маблағ…”

Ҳикматулло Сайфуллозода талоши ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои иҷтимоӣ барои ворид кардани ислоҳ ба қонуни интихоботро ҳам сарфи назар намекунад. Вай мегӯяд, монеаҳо барои вуруди ислоҳ ба ин қонун шаҳодати он аст, ки интихобот чун ҳамеша ба қавли мақомоти расмӣ дар фазои озод, аммо ба қавли нозирону аҳзоби мухолиф ношаффоф баргузор хоҳад шуд. Вай ҳатто кафилии Раҳмон барои шаффофияти як интихобот дар Тоҷикистонро, дар сурате, ки қонун имкон фароҳам наовардааст, ҷуз ҳарфе беш надонист.

Бо ин ҳама гуфтугузор Муҳибулло Додоҷонов, раҳбари дафтари Комиссиони марказии интихобот, гуфт, аз ҳоло бо дарёфти маблағ аз сӯйи давлат асноди лозим барои баргузории интихоботро нашр карда, сандуқҳои шаффофро фармоиш додааст. Ҳизбҳои сиёсӣ ҳам мегӯянд, омодагии онҳо ба интихобот дар доираи фаъолияти ҳизбияшон сурат мегирад. Дар ҳоле ки қонун ба гуфтаи онҳо таблиғи рӯшодро дар камтар аз ду моҳ то баргузории интихобот иҷоза намедиҳад.

Вале Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ки раёсати онро президент Раҳмон ба ӯҳда дорад, тақвими бузургеро бо акси худи ӯ нашр карда, дар девору оинаи ҳар фурӯшгоҳ ва идораҳо часпонидааст, ки бӯйе аз интихобот меорад. Интихоботе, ки дигар рӯшан нест дар он кӣ ғолибу кӣ мағлуб хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG