Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоманаӣ Амрикоро "пуштибони терроризм" номид


Оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ, раҳбари рӯҳонии Эрон, Иёлоти Муттаҳидаро дар пуштибонӣ аз терроризм ва сӯиқасд ба Ҷумҳурии исломии Эрон айбдор кард. Бо ишора ба ҳузури низомиёни амрикоӣ дар Ироқ, оятуллоҳ Хоманаӣ дар як изҳороти телевизионӣ гуфт, Вошингтон ҷудоихоҳони курдро, ки дар ғарби Эрон, дар наздикиҳои марзи Ироқ фаъоланд, сармоягузорӣ мекунад.
Изҳороти раҳбари рӯҳонии Эрон дар ҳоле пахш шуд, ки раисиҷумҳури ИМА Барак Обама роҳҳои гуфтугӯ бо Теҳрон баъд аз чанд даҳсолаи нобоварӣ ва беэътимодиро ҷустуҷӯ дорад.
XS
SM
MD
LG