Пайвандҳои дастрасӣ

Обу ҳавои номусоиди баҳори соли ҷорӣ шакли нави истифодаи нирӯи кӯдакро дар Узбакистон эҷод кардааст.

Бо вуҷуди интиқодоти байнамилалӣ ва ҳатто таҳримоти алайҳи пахтаи Узбакистон ҷорикардаи ширкатҳои ғарбӣ, дар риштаи пахтакории Узбакистон ҳамчунон аз нирӯи кӯдакон истифода мекунанд. Кӯдакони узбак имсол ниҳолҳои пахтаро дар хона парвариш мекунанд, то баъдан бо хуб шудани вазъи ҳаво ба майдонҳои пахта кӯчат кунанд.

Омӯзгорони макотиби вилояти Фарғона дар ин шабурӯз ба толибилмони ин макотиб вазифаи хонагии ғайриоддие супурдаанд: Ҳар кадом хонанда муваззаф шудааст, дар хона дар зарфҳои худсохти коғазӣ дастикам 200 ниҳоли пахта парвариш кунад. Як кӯдаки 11-солаи фарғонагӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, акнун бештари вақти холии ӯ барои ниҳолшинонӣ ва нигоҳубини ин ниҳолҳои пахта сарф мешавад: “Онҳо ба мо гуфтанд, ки варақи дафтарро гирифта, тоб диҳем ва аз ду сӯяш ширеш кунем. Мо чандто омода кардем. Вале онҳо ба мо гуфтанд, ки боз ҳам бештар омода кунем.”

Мақомоти Фарғона гуфтаанд, ҳам ба хонандагони макотибу донишҷӯёни коллеҷҳо ва ҳам ба кормандони муассисаҳои иҷтимоӣ дастур додаанд, дар хона ба парвариши ниҳолҳои пахта машғул шаванд. Ин ниҳолҳо сипас ба муҷарради хубтар шудани вазъи ҳаво дар майдонҳои пахта шинонда хоҳанд шуд. Кишоварзони маҳаллӣ мегӯяд, обуҳаво имсол номусоид омад ва кишти пахтаи онҳо фақат ҷо-ҷо рӯидааст.

Фаъолони ҳуқуқи башар ин иқдоми мақомоти Узбакистонро идомаи ҳамон таҷрубаи қадими истифодаи нирӯи кӯдак дар пахтакорӣ номида, маҳкум мекунанд. Узбакистон яке аз бузургтарин тавлидкунандагони пахта дар ҷаҳон буда, як маҳсулоти умдаи содиротиаш ҳамин пахта аст ва захираи асъори хориҷии Тошканд низ умдатан аз ҳисоби фурӯши маҳсули обилаи дасти пахтакорон пур мешавад. Ҳаҷми табодул дар бахши парвариш ва фурӯши пахта дасткам миллиард долларро ташкил дода, ин ришта – сар карда аз кишту парваришу ғунучин ва то коркарду фурӯши пахта – ҳама таҳти назорати давлати Узбакистон қарор дорад.

Мавсими пахта дар маҷмӯъ 9 моҳ тӯл мекашад. 9 моҳи кори пур аз азобу машаққат, ки нуқтаи олиаш се моҳи низ пуразоби пахтачинист. Ҳар фасли тирамоҳ дар Узбакистон мактабҳову донишгоҳҳо баста гардида, толибилмону донишҷӯён то поёни моҳи ноябр ва ҳатто дертар ба пахтачинӣ сафарбар мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки қонунгузории Узбакистон истифодаи нирӯи кӯдакро дар ҳар навъ коре, ки ба зиёни саломатии кӯдак бошад, манъ кардааст. Тошканд тайи солиён интиқодҳои байналмилалиро дар ин замина ношунида мегирифт. Вале соли гузашта шуморе аз ширкатҳои бузурги ғарбӣ, бо шумули Tesco, Gap, Marks & Spencer ва Wal-Mart истифодаи маҳсулоти тавлидшуда аз пахтаи Узбакистонро таҳрим карданд.

Ин иқдоми ширкатҳои умдаи ғарбӣ давлати Узбакистонро маҷбур кард, дар моҳи сентябри соли 2008-ум бо судури як қарор итифодаи нирӯи кӯдакон дар риштаи пахтакориро манъ кунад. Тошканд тааҳҳуд супурд, ки муқаррароти паймонҳои СММ марбут ба ҳуқуқи кӯдакро дар қаламраваш иҷро кунад. Тошканд ба хотири назорат ба иҷрои қарори манъи истифодаи нирӯи кӯдак ҳатто як ниҳоди хос низ таъсис дод.

Аммо ба гуфтаи фаъолони ҳуқуқи башар, таҷрубаи истифода аз нирӯи кӯдак дар Узбакистон ҳамчунон идома дорад. Карим Бозорбоев, як фаъоли ҳуқуқи инсон дар вилояти Сирдарёи Узбакистон, мегӯяд, нирӯи кӯдак ҳамчунон як нирӯи муҳим дар бахши пахтакорӣ арзёбӣ мешавад: “Ин ҳама фармону фармоишу қонунҳо ҳеҷ гоҳ иҷро намешаванд. Дар мавсими пахтачинии соли 2008-ум мо иттилоъ гирифтем, ки муовини ҳокими вилоят, ки масъули бахши кишоварзист, ба мардум гуфтааст, ки “агар фарзандонатонро ба майдони пахта нафиристед, душмани халқ эълон хоҳед шуд.”

Узбакистон, қарори маълум, бо 28 миллион аҳолиаш пурҷамъияттарин кишвари Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Ва аммо чаро бо вуҷуди чунин теъдоди зиёди аҳолӣ ва бекории фарогир, дар пахтакорӣ ба нирӯи кӯдак бартарӣ медиҳанд? Кишоварзон мегӯянд, посухи ин суол хеле оддист: Чунки нирӯи кӯдак арзонтарин нирӯст ва барои мисол, ба атфол барои ҳар кило пахта ҳамагӣ 3 сенти амрикоӣ ҳаққ медиҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG