Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Хоруғ маркази клиникии таълими тибби оилавӣ таъсис ёфт. Ҳадафи фаъолияти марказ тайёр намудани мутахассисони тибби оилавӣ бо роҳи бозомӯзии пизишкон ва густариши хизматрасонии тибби оилавӣ дар минтақа арзёбӣ мешавад.

Сардори марказ Нурбибӣ Азизова изҳор дошт, ки алҳол мутахассисони соҳаи тибби оилавӣ ҳамагӣ ба се дарсади шумори пизишкон дар вилоят баробар будааст. Ба гуфтаи сардори марказ, ба бозомӯзӣ қабл аз ҳама 11 нафар пизишкони маҳалҳои дурдаст фаро гирифта шуда, қарор аст, ки дар тӯли чанд соли оянда дар марказ зиёда аз 60 нафар таълим гиранд. Вай гуфт, ба вижа сокинони маҳалоти дурдасти Бадахшон, ки бинобар мушкилоти моли имконияти дар бемористонҳо табобат гирифтанро надоранд, ба хизматрасонии тибби оилавӣ ниёз доранд.

Ба гуфтаи сардори марказ, агарчанде тибби оилавӣ дар минтақа чизи нав аст, аммо бо дарки афзалиятҳои ин намуди хизматрасони аллакай зиёда аз чор ҳазор мизоҷон ба онҳо муроҷиат кардаанд ва таҳти муроқибати мутахассисони марказ қарор гирифтаанд.

Ба қавли сокини ноҳияи Ишкошим Оҳистамо Ҳайдарбекова, дар шароити набуди доруву дармони бепул, рахти хоб ва шароити хуб дар бемористонҳо хизмтрасонии тибби оилавӣ усули камхарҷтари муолиҷа мебошад.

Ба гуфтаи сокинон, наврасону ҷавонон на ҳамеша аз ташхиси дақиқи тиббӣ мегузаранд ва ҳолатҳое мешавад, ки чунин ҷавонон бо нишонаҳои беморӣ иҷборан ба сафи артиш фиристода мешаванд. Аммо ба гуфтаи мутахассисони марказ, тибби оилавӣ барои муроқибати саломатии шахс, пешгирии беморӣ ва дар сурати мавҷудияти нуқси ҷисмонӣ метавонад аз мизоҷашон ҳимоят ба амал оранд.

Ватаншо Мирзоев, сардухтури маркази саломатии деҳоти Рошорви ноҳияи Рушон, баён дошт, ки тайи зиёда аз се моҳ ҷиҳати баста гардидани роҳ ба сӯи деҳоташон вай маҷбур шуд, ки аз рӯи зарурат ба табобати бемориҳои гуногун машғул шавад. Вай афзуд, ки аммо омӯзиш дар марказ барояш имконият фароҳам месозад чун пизишки ҳамакора ба бештари мушкилоти ниёзмандон расидагӣ кунад ва мизоҷон аз сарсонию саргардони халос шаванд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG