Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Теъдоди мӯътодон дар Русия афзоиш меёбад


Теъдоди мӯътодони маводи мухадир дар Русия назар ба кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо аз панҷ то ҳашт баробар бештар аст. Дар ин бора раиси Хадамоти федеролии Русия оид ба назорат аз болои маводи мухадир Виктор Иванов хабар дод. Ӯ зимни суханронӣ дар нишасти Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой оид ба мушкилоти мубориза бо қочоқи маводи мухадир аз Афғонистон дар Маскав гуфт, ки тайи 20 соли ахир Русия дар хатти аввали феҳристи истеъмолгарони маводи мухадири афғонӣ қарор гирифт. Ба иттилоъи Хадамоти федеролии Русия оид ба назорат аз болои маводи мухадир, айни ҳол дар ин кишвар дувуним миллион нафар маводи нашъадор истеъмол мекунанд. Ҳамасола тақрибан 30 ҳазор шаҳрванди Русия аз истеъмоли маводи мухадир оламро тарк мегӯянд.
XS
SM
MD
LG