Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти масоили халъи таслиҳот дар Маскав


Музокироти Маскав бо ибтикори Обама ва Медведев сурат мегирад
Музокироти Маскав бо ибтикори Обама ва Медведев сурат мегирад

Дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун музокироти дар Маскав шурӯъшудаи Амрикову Русияро “ марҳалаи наве дар роҳи халъи таслиҳот” хонд ва аз он истиқбол кард.

Ҳайъатҳои Русияву Амрико имрӯз дар Маскав ба музокироти тарҳи созишномае шурӯъ карданд, ки бояд ҷойгузини паймони аз замони ҷанги сард бозмондаи халъи таслиҳоти стротежӣ шавад. Замони эътибори паймони халъи таслиҳоти стротежӣ, ё худ START, соли ҷорӣ ба поён мерасад. Ҳайъати Амрикоро дар музокироти Маскав ёвари вазири хориҷаи он кишвар Роуз Готтемёллер ва ҳайъати Русияро раҳбари идораи амният ва халъи таслиҳоти вазорати умури хориҷии ин кишвар Анатолий Антонов раҳбарӣ мекунанд.

Паймони START, ки ҳанӯз соли 1991 имзо шуда буд, коҳиши қобили мулоҳизаи таслиҳоти ҳастаии Амрикову Русия ва назорат бар таслиҳоти стротежии ин ду қудрати умдаи ҳастаии ҷаҳони муосирро дар назар дошт. Аз ҷумла, бар асоси ин паймон, қарор буд, теъдоди кӯлоҳакҳои ҳастаии Амрико аз 9986 то ба 8556Б яъне ба 1430 кӯлоҳаки ҷангӣ кам карда шавад. Иттиҳоди Шӯравӣ ва табъан, ворисаш – Русия ӯҳдадор шуда буд, захираи таслиҳоти стротежии худро аз 10 237 то ба ҳадди 6449, яъне ҳудуди 3800 адад коҳиш бидиҳад.

Руъасои ҷумҳуриҳои Амрикову Русия Барак Обама ва Дмитрий Медведев моҳи апрел ҷиҳати азсаргирии музокироти тарҳи паймони ҷадиде, ки ҷойгузиги паймони феълӣ шавад, ба тавофуқ расиданд. Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ҳайъатҳои музокиротӣ бояд то ибтидои моҳи июл, ки Барак Обама аз Маскав дидан мекунад, пешниҳодҳои худро дар робита ба паймони нави халъи таслиҳот омода созанд.

Русия пешрафт дар амри таҳияи тарҳи нави паймони халъи таслиҳотро ба барномаҳои истиқрори бахшҳои сипари дифоъи зиддимушакии Амрико дар кишварҳои аврупоии Чехияву Лаҳистон вобаста медонад. Ин барномаи Вошингтон мояи хашму норизоиятии Маскав шудааст, ки истиқрори сипари зиддимушакии Амрико дар Аврупои шарқиро таҳдид ба амнияти миллии худ мешиносад. Аммо Вошингтон мегӯяд, ҳадаф аз ин барнома на Русия, балки хунсо кардани таҳдидҳои эҳтимолӣ аз ҷониби кишварҳое, назири Эрон, аст.
XS
SM
MD
LG