Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҷапакса: Ҷанги шаҳрвандӣ дар Шри-Ланка поён ёфт


Маҳинда Раҷапакса, раисиҷумҳури Шри-Ланка, аз пирӯзии комили нерӯҳои ҳукуматӣ аз болои ошӯбгарони тамил ва хатми ҷанги 26-солаи шаҳрвандӣ хабар дод. Низомиёни кишвар иттилоъ доданд, ки онҳо ҷасади раҳбари гурӯҳи “Бабрҳои Тамил” Велупилаӣ Прабхакаранро ошкор ва шиносоӣ карданд. Сабти видеоӣ бо саҳнаи шиносоии фармондеҳи гурӯҳ ахиран аз тариқи телевизиони Шри-Ланка намоиш дода шуд. Ба гуфтаи низомиён, Прабхакаран рӯзи душанбе зимни ҳамлаи нерӯҳои ҳукуматӣ ба охирин мавқеъи ошӯбгарон дар шимолу шарқи Шри-Ланка кушта шудааст.
ИМА аз ҳукумати Шри-Ланка даъват кард, ки риояи ҳуқуқҳои аққалиятҳои тамилро таъмин кунад.
XS
SM
MD
LG