Пайвандҳои дастрасӣ

Русияву Гурҷистон музокиротро аз сар гирифтанд


Русия ва Гурҷистон музокирот оид ба амният ва ҳалли мушкилоти башариро аз сар гирифтанд. Дирӯз ҳайатҳои Русия ва Осетияи ҷанубӣ музокирот дар Женеваро тарк намуданд. Онҳо далел пеш оварданд, ки Абхозистон, бо сабаби сари вақт нашр нашудани гузориш дар бораи фаъолияти ҳайати СММ дар минтақа, аз ширкат дар музокирот сарпечӣ кардааст. Ба думболи ин миёнҷигарони байналмилалӣ оид ба ҳалли низоъ миёни Русия ва Гурҷистон аз ҷонибҳои вориди музокирот даъват карданд, ки сари мизи гуфтушунид баргарданд. Аз ҷумла, Вошингтон ба зарурати талошҳои муштарак дар роҳи таҳкими амният ва беҳсозии вазъи башарӣ дар минтақа таъкид намуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG