Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарбаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин муваффақ буданд


Раиси Хадамоти марказии кашфи ИМА Леон Панетта изҳор намуд, ки истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин барои зарбаҳои мушакӣ ба нерӯҳои ҷунбиши “Толибон” ва созмони “Ал-Қоида” хисороти бузург ворид кардааст. Зимни суханронӣ дар нишасти Шӯрои Уқёнуси Ором оид ба сиёсати хориҷӣ дар Лос-Анҷелес, ӯ, ба вижа, ба комёб шудани ин тактика дар Покистон ишора кард.
Мақомоти Покистон, дар навбати худ, зарбаҳои мушакӣ тавассути ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоиро ҳамчун поймолсозии истиқлоли кишвар арзёбӣ мекунад. Шурӯъ аз моҳи августи соли гузашта ба асари ин гуна зарбаҳо ба мавқеъҳои шӯришиён дар Покистон беш аз 350 нафар, аз ҷумла, як теъдод мардуми осоишта кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG