Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Паноҳандаи ӯзбак ба додгоҳ кашида шуд


Имрӯз, 19-уми май, додгоҳи ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкек баррасии парвандаи ҷиноии Шералӣ Ҳамдамов, яке аз паноҳандагони ӯзбакро шурӯъ намуд, ки дар узвият ба созмони тундрави «Ҳизбуттаҳрир» гумонбар шудааст. Ба гуфтаи вакили мудофеъ, Шералӣ Ҳамдамов моҳи феврали соли равон дар шаҳри Бишкек аз тарафи кормандони умури интизомӣ боздошт шуд. Вакили мудофеъ афзуд, ин дар ҳолест, ки нафари таҳти ҳимояти ӯ мандати паноҳандаи СММ-ро дар даст дорад. Дар ҳамин ҳол, додситонӣ Шералӣ Ҳамдамовро тибқи се моддаи Қонуни кайфарии Қирғизистон, аз ҷумла, ғасби зурии ҳукумати конститутсионӣ ва барангехтани низоъҳои байнимиллӣ ба додгоҳ кашидааст.
XS
SM
MD
LG