Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Алмаато маҳфили гиромидошти пешвои ҳаракати миллӣ-озодихоҳии Тоҷикистон Тоҳири Абдуҷаббор баргузор гардид.

Дар он Сафар Абдулло, яке аз дӯстони Тоҳири Абдуҷаббор, сухан гуфта, аз мақоми ин шахсияти, ба гуфтаи Сафар Абдулло, фарзонаи миллати тоҷик ёд кард. Вай изҳор кард, соли 1989 онҳо 6 нафар бо ҳамроҳии Тоҳири Абдуҷаббор дар яке аз хонаҳои дӯстон дар бораи ташкил кардани созмони Растохез маслиҳат карданд ва баъди як моҳи ин машварат созмон арзи вуҷуд кард ва Тоҳири Абдуҷаббор сарвараш интихоб шуд. Ба гуфтаи Сафар Абдулло, Тоҳири Абдуҷаббор аз шахсиятҳои истисноист, ки фақат дар андешаи миллат, Ватан ва ободиву озодии он буд ва барояш мансабу мақом ва ҷоҳу ҷалол арзише надошт. Сафар Абдулло гуфт, дар Тоҷикистон, ба вижа баъди даргузашти устод нашрияҳо дар бораи Тоҳири Абдуҷаббор мақолаҳои зиёде чоп карда истодаанд. Вале Устод дар зиндагиаш қадр нашуд ва чун бештари хирадмандон зиндагии душвореро аз сар гузаронд. Вале бо ин ҳам донишманди тоҷик шукр кард, ки пас аз марги Тоҳири Абдуҷаббор ӯро ёд мекунанд.

Вай гуфт «баъд аз марги устод Тоҳири Абдуҷаббор рӯзномаҳои Тоҷикистон, махсусан нашрияи « Миллат» бисёр мақолаҳои хуб чоп кард ва ба ҳадде арҷ гузоштанд, ки кош ин арҷгузорӣ дар давраи зиндагии Тоҳири Абдуҷаббор мебуд. Вале алъон ҳам ки арҷ гузоштанд, шукр ки мардуми мо фарзандони фарзонаи хешро фаромӯш намекунад. Маълум аст, ки ин миллат ба қадри фарзандонаш мерасад. Имрӯзам, ки мо дар ин ҷо ҷамъ омадем, мо бояд ҳамеша дар бораи онҳое, ки ба миллати мо холисона хидмат кардаанд ва орзу доштанд, ки миллатамонро сарбаланд бубинанд, мо бояд онҳоро дар ёд дошта бошем ва ҳам талош кунем, ки орзуҳое, ки Тоҳири Абдуҷаббор ва ёронаш доштанд, амалӣ шавад. Хеле аз онҳо амалӣ шуданд ва хеле дигараш ҳам амалӣ бояд бишавад».

Дар маҳфил ҳамчунин гуфта шуд, Тоҳири Абдуҷаббор дар ҳамон давра чандин пешниҳод ба миён гузошт, ки онҳо, мутаасссифона, аз ҷониби ҳукумати вақти коммунистӣ ва порлумони коммунистгаро пазируфта нашуданд. Пешниҳодҳои вай дар бораи ташкил кардани артиши миллӣ ва баровардани пули миллӣ ва тамоми моликияти дар кишвар мавҷударо эълон кардани моликияти Тоҷикистон хеле дер иҷро гардиданд ва дар натиҷа ба кишвар зарари беҳисоб расид ва Тоҷикистон гирифтори ҷанги дохилӣ шуд. Тоҳири Абдуҷаббор, гуфтанд сухангӯён, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Осиёи Марказӣ ягона шахсе буд, ки дар замони шӯравӣ масъалаи истиқлолияти кишварашро ба миён гузошт ва ин баёнгари ҷасорату худшиносии олии ӯст. Ҳамаи ин ҷасорату худшиносӣ марбут ба он аст, ки гуфт Убайдулло Умарзода, яке аз аҳли уламои тоҷики муқими Қазоқистон, Тоҳири Абдуҷаббор шахси донишманд буд ва фақат дониш инсонро комил месозад.

Ҳамчунин, аҳли нишаст бо лавҳае, ки созмондиҳандагони маҳфил бахшида ба зиндагии Тоҳири Абдуҷаббор омода карда буданд, ошно гардиданд. Дар он лавҳа аксҳои Тоҳири Абдуҷаббор дар Алмаато гузошта шудаанд. Донишманди тоҷик 7 моҳ дар Алмаато ба сифати мушовири як ширкати эронӣ фаъолият кард ва баъд боз дубора ба Бишкек баргашта буд. Бар илова, аҳли нишаст бо мақолаву рисолаҳои Тоҳири Абдуҷаббор ва матлабҳои дар бораи вай чопгардида ошно шуданд. Дар маҳфил ширкатдорон хабари дар Душанбе моҳҳои наздик ба чоп расидани асарҳои Тоҳири Абдуҷаббор ва китоби ба вай бахшидашударо гарм истиқбол карданд.
XS
SM
MD
LG