Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ташкили давлати Фаластинро мехоҳад


Барак Обама бо Нетаняҳу
Барак Обама бо Нетаняҳу

Раисҷумҳури Амрико Барак Обама зимни мулоқоташ бо нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу кӯшиш кард, то Нетаняҳуро розӣ намояд, ки ягона роҳи ҳалли низоъи Ховари Миёна ин вуҷуди ду давлати мустақил Исроил ва Фаластин мебошад.

Дар ин вохурӣ, ки дар Кохи сафед доир гардид, Обама ба Нетаняҳу инчунин ҳушдор дод, ки идомаи бунёди шаҳрчаҳои яҳудинишинро дар Каронаи Бохтарии руди Урдун мутаваққиф кунад ва ҳамзамон саъй намуд, исроилиҳоро бори дигар мутмаъин кунад, ки аз рӯ оварданаш ба Эрон набояд нигарон бошанд. Обама гуфт, бо кушиши қатъи баландпарвозиҳои ҳастаии Теҳрон, Амрико то абад ба пешрафти дипломатӣ интизор нахоҳад шуд.

“Таърих, ҳадди ақал таърихи музокирот бо Эрон, шаҳодат медиҳад, ки дар ин музокирот суханронӣ зиёд мешавад ва аммо на ҳама вақт натиҷаҳои ин суханон пайгирӣ мешаванд ва ҷомаи амал мепӯшанд. Барои ҳамин ҳам, ба ақидаи ман, барои мо хеле муҳим аст ки бидуни эъломи ҳаргуна зарбулаҷалҳои сунъӣ, бояд донем, ки мо ин музокиротро бидуни натиҷа то абад бурданӣ нестем.”

Дар мавриди роҳи ҳалли низоъи Ховари Миёна Барак Обама дар ҳузури Нетаняҳу ба хабарнигорон гуфт, ташкили кишвари мустақили Фаластин дар канори Исроил, на танҳо ба нафъи фаластиниву исроилиҳо, балки ба нафъи Амрико ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ хоҳад буд.

Дар навбати худ Нетаняҳу бори дигар такрор намуд, ки таъсиси ҳукумати фаластиниҳоро дастгирӣ мекунад, аммо дар бораи ташкили давлати Фаластин ҳеҷ чиз нагуфт, ва аз назари таҳлилгарон ин мавзуъест, ки миёни маъмурияти Обама ва Исроил ихтилофҳои ҷиддӣ мавҷуд аст. Обама ширкати Вашингтон дар гуфтушунидшои сулҳи Ховари Миёнаро ҳамчун беҳтарин роҳи ба ном “таъмири имиҷи” Амрико миёни кишварҳои исломӣ ва арабӣ меҳисобад, афзоиши эътибори Амрико ба фикри ӯ, кишварҳои арабиро водор хоҳад кард, ба ҷабҳаи ягонаи зидди Эрон ҳамроҳ шаванд. Дар робита ба Эрон сарварони Амрикову Исроил низ ихтилофи назар доранд ва нахуствазири Исроил ғолибан ба кушишҳои Обама барои ҷалби Эрон ба равандҳои дипломатӣ бо шубҳа менигарад ва доимо аз нигаронии афзоишёбандаи кишвараш дар робита ба барномаи ҳастаии Эрон таъкид мекунад. Нетаняҳу борҳо эълом дошт, ки агар роҳи дипломатӣ натиҷа надиҳад, ӯ ҳамлаи низомӣ ба Эронро сарфи назар намекунад.

Дар нишасти муштарак Нетаняҳу иброз дошт:
“Эрон ошкоро ба маҳви мо даъват карда буд ва ин аз нигоҳи ҳама меъёрҳо ғайри қобили қабул аст. Эрон ба ҳукуматҳои муътадили кишварҳои арабии Ховари Миёна таҳдид мекунад. Вай ба манфиатҳои ИМ дар тамоми олам таҳдид мекунад. Аммо агар Эрон ба тавлиди силоҳи ҳастаи даст ёбад, он метавонад ба террористон чатри ҳастаӣ пешниҳод кунад, ва аз ин ҳам бадтар, Эрон метавонад ба террористон силоҳи ҳастаӣ бидиҳад. Ва дар ин сурат мо ҳама дар хатар хоҳем буд”

Обама гуфт, агар Эрон барномаи ҳастаиашро хотима надиҳад, Амрико андешидани тадобири иловагӣ ба зидди Теҳрон, аз ҷумла, тақвияти таҳримҳоро сарфи назар намекунад.
XS
SM
MD
LG