Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш маъмури пулиси Афғонистонро куштанд


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, бар асари силсилаи бомбгузориҳо дар ҷануби кишвар шаш маъмури пулис ва ду сарбоз ҳалок шудаанд. Абдулраҳмон Сарҷанг – раиси идораи пулиси вилояти Зобул гуфт, панҷ маъмури пулис бар асари таркиши мошинашон ва як нафари дигар дар ҳодисаи алоҳидаи бомбгузорӣ ҳалок шудаанд. Ду сарбози артиши Афғонистон дар ноҳияи Навбаҳори ҳамин вилоят бар асари таркиши бомб ҷон додаанд. Рӯзи якшанбе дар вилояти Ҳилманди Афғонистон дар натиҷаи ҳамлаҳои тундравон ва бомбгузоришҳо 11 маъмури пулис ва як сарбози афғон ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG