Пайвандҳои дастрасӣ

Эъломи Шри Ланка аз пирӯзӣ ба ҷудоихоҳон


Низомиёни Шри Ланка гуфтанд, шӯришиёни гурӯҳи Бабрҳои Тамилро шикаст дода ва раҳбари онҳоро куштаанд. Вазири дифоъи Шри Ланка дар маросиме ба Маҳинда Раҷапакса - раиси ҷумҳури ин кишвар гуфт, ки ҷанг бар зидди шӯришиён "муваффақона хотима ёфтааст" ва тамоми ҷазира акнун зери контроли комили ҳукумат даромадааст. Айни замон Созмони Милал гуфт, ки тайи чанд моҳи ахир аз манотиқи ҷангзадаи шимолушарқи Шри Ланка 265 ҳазор нафар аз хонаҳои худ гурехтаанд. Бабрҳои Тамил, ки гурӯҳе аз аққалияти тамили Шри Ланка аст, се даҳсола боз барои истиқлолият меҷангид. Дар ин ҷанг то кунун бештар аз 70 ҳазор нафар ҳалок шудаанд.
XS
SM
MD
LG