Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди оворагон дар Покистон афзудааст


Муассисаи умури паноҳандагон дар Созмони Милал мегӯяд, ҷангҳои байни артиши Покистон ва Толибон дар ҳамин моҳ, тақрибан якуним миллион нафарро беҷо кардааст. Рон Редмонд – сухангӯи Кумиссариёи олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон гуфт, бо шумули 550 ҳазор нафари дигаре, ки дар ҷангҳои қаблии сарбозону ҷангҷӯёни Толиб овора шуданд, ҳоло теъдоди оворагон дар Покистон аз 2 миллион нафар ҳам гузаштааст. Айни замон ҳукумати Покистон гуфт, амалиёти низомиаш ба зидди Толибон бомуваффақият пеш меравад ва ваъда дод, ки ба мардуми беҷошуда дар натиҷаи ҷангҳо дар манотиқи шимолуғарбии кишвар кӯмак хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG