Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико тарафдори таъсиси Фаластин аст


Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико, пас аз мулоқот бо Бенямин Нетаняҳу – нахуствазири Исроил гуфт, Иёлоти Муттаҳида роҳи ҳалли муноқиша дар Ховари Миёнаро ҳамчунон дар таъсиси кишвари мустақили Фаластин мебинад. Обама ҳамчунин гуфт, бояд ба тавсиъаи шаҳракҳои яҳудинишин дар Канораи Ғарб хотима дода шавад ва аз ҳарду тараф хост, аз фурсат барои расидан ба сулҳ истифода баранд: "Мо шоҳиди аз ҳаракат мондани ҷараёни сулҳи Ховари Миёна шудем ва ман ба нахуствазир гуфтам, ки дар замони ҳокимияташ имкони таърихиеро дорад, ки ин ҷараёнро ҳаракати ҷиддие бидиҳад." Бенямин Нетаняҳу гуфт, омода аст, музокироти сулҳ бо фаластиниёнро билофосила шурӯъ кунад, аммо пеш аз ин фаластиниён бояд Исроилро ба ҳайси кишвари яҳудиён эътироф намоянд.
XS
SM
MD
LG