Пайвандҳои дастрасӣ

Покистон гуфтааст, Толибонро шикаст медиҳад


Покистон мегӯяд, амалиёти артиш бар зидди шӯришиёни Толиб бо муваффақият идома дорад. Покистон қавл додааст, ки ба бештар аз 1 миллион нафар аҳолии беҷошуда аз ин ҷангҳо дар шимоли ғарби кишвар кӯмак мекунад. Юсуф Разо Гилонӣ-нахуствазири Покистон дар ин бора гуфт:

"Ман мехоҳам ҳамчунин ба шумо иттилоъ диҳам, ки то замони бозгашти мардуми беҷошада ба хонаҳояшон, то замони комилан бехатар шудани вазъ ва таъмини сулҳ артиш дар ин минтақаҳо боқӣ мемонад".

Покистон идаъо мекунад, ки аз оғози ҷангҳо дар се ҳафтаи пеш беш аз 1 000 шӯришӣ кушта шудаанд. Манобеъи мустақил ин шумораро таъйид намекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG