Пайвандҳои дастрасӣ

Шри Ланка:Ҷанг бо гурӯҳи Бабрҳои Тамил поён ёфт


Низомиёни Шри Ланка мегӯянд, ки шӯришиёни гурӯҳи Бабрҳои Тамил шикаст хӯрдаанд ва Велупиллай Прабҳакаран-раҳбари онҳо имрӯз кушта шудааст. Готабҳая Раҷапаксе-вазири дифоъи Шри Ланка ба Маҳинда Раҷапакса-раиси ҷумҳури ин кишвар дар маросиме аз тариқи телевизион гуфт, ки ҷанг бар зидди шӯришиён муваффақона хотима ёфтааст. Ба гуфтаи вай, барои нахустин бор дар чанд даҳсола ин кишвар зери контроли комили ҳукумат даромадааст. Рӯзи якшанбе гурӯҳи Бабрҳои Озодии Тамил Элам эътироф кард, ки ҷангҳои 30 солаи онҳо барои истиқлоли ақалияти тамилҳо поён ёфтааст.
XS
SM
MD
LG