Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷамъе аз созмонҳои журналистӣ, устодони донишгоҳҳо ва хабарнигорони мустақил Кодекси ахлоқи журналисти Тоҷикистонро ба имзо расониданд.

Кодекси ахлоқ ё одобномаи журналисти Тоҷикистон иборат аз 17 банд ниҳоӣ шуда ва аксари созмонҳои журналистии Тоҷикистон, минҷумла, Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, Анҷумани миллии расонаҳои мустақил ва бархе аз журналистони мустақил ва устодони журнализм дар донишгоҳҳо ба он имзо гузоштаанд. Кодекси мазкур аз чанд сол ба ин ҷониб мавриди баҳс буд ва тайи ду ҳафтаи охир аз ҷониби як гурӯҳи корӣ бо мусоидати САҲА ва коршиносони Академияи расонаҳои «Дойче велле» таҳия ва муарифӣ шудааст.

Акнун ҳамзамон бо таҳия ва имзои ин Кодекс ҷиҳати таъмини риояи он маҳофили журналистӣ иқдом ба таъсиси Шӯрои ҷамъиятии матбуот кардаанд. Шӯрои мазкур, ки ҳайати кории таҳияи ойинномаи он ташкил ва машғули кор аст, ба назари ташкилдиҳандагонаш, барои рафъи бисёр мушкилоти журналистӣ, аз ҷумла, танзими робитаи миёни худи расонаҳо аз як сӯ ва аз сӯи дигар равобити миёни мақомот ва матбуот мусоидат мекунад.

Аммо на ҳамаи журналистон ва созмонҳои журналистӣ ин Кодексро имзо карда, пуштибонӣ кардаанд. Бархе аз онҳо мегӯянд, Шӯрои матбуот дар сурати таъсис шуданаш ба маънои рӯи кор омадани як ниҳоди монанд ба назорат ва ё ҷорӣ кардани ба истилоҳ сензура мебошад.

Аммо таҳиягарони ин Кодекс ва мубтакирони Шӯрои ҷамъиятии матбуот ҳамвора таъкид мекунанд, ки таъсиси ин ҳарду ба рушди бештари расонаҳо, боз гардонидани нақши муассири матбуот ба он ва ҳамчунин ҷилавгирӣ кардан аз мавридҳои номатлубе назири кашидани хабарнигорон ба додгоҳ ва рафъи мушкилоти онҳо бо мақомот метавонад муфид воқеъ шавад. Ба гуфтаи онҳо, дар кодекси мазкур умдатан меъёрҳои ахлоқии пазируфташуда таъкид шудаанд, ки риояи онҳо хоси матбуоти ҷиддӣ ва масъулиятпазир аст. Аз ҷумла, дар дар ин Кодекс гуфта шудааст, ки журналист иффат ва фарҳанги миллиро пос медорад ва аз паст задани қавму миллат, дину мазҳаб ва нажоди дигар худдорӣ мекунад. Интишори маълумот бояд бо иҷозати ашхос ва риояи маҳрамии аснод сурат гирад. Паст задани шаъну шараф ва эътибори шахс бо алфози қабеҳ, калимаю ибораҳои таҳқиромез ва аксу тасвири номуносиб, ҳамчунин тўҳмат ва ситоиши нобарҷо хилофи одоби касбии журналист аст. Ҳар гуна имтиёз ва подош, ки озодии тасмими журналистро маҳдуд месозад, хилофи эътибори матбуот аст. Журналист бар зидди ҳамкасбон ва ВАО-и дигар беасос иқдом ва аз ҷудоиандозӣ миёни ҳамкасбон истифода намекунад. Агар журналист барои фаъолияти касбиаш таъқиб шавад, қамкасбон ўро пуштибонӣ мекунанд.

Аммо дар ҳар сурат, ба назари мунаққидони ин тарҳ, таъсиси Шӯро, ки нақши ногузир хоҳад дошт, болои озодиҳои хабарнигор ва матбуот соя меафканад ва аз нигоҳи равонӣ фишоре хоҳад буд ба сари матбуот.

Вале дар ҳар сурат, тарҳи Кодекси мазкур ниҳоӣ ва имзо шуда ва гурӯҳи кори таҳияи Ойиннома ва барномаи Шӯрои ҷамъиятии матбуот низ таъсис шуда, ки бояд то се моҳи дигар кори худро анҷом дода ва муаррифӣ кунад. Ва ба дунболи он даъвати форуми саросарии расонаҳои Тоҷикистон ба манзури таъсиси ин Шӯро ва тасдиқи расмии Кодекс дар назар аст. То он замон ба назари таҳлилгарон, мухолифону мувофиқони ин тарҳ фурсат доранд мавзеъҳои худро ба ҳам бештар наздик кунанд.
XS
SM
MD
LG