Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари демократиягарои Бирмаро ба додгоҳ кашиданд


Имрӯз хонум Аунг Сан Су Чӣ-раҳбари демокртиягарои Мианмар ё Бирмаро ба додгоҳ кашиданд. Вай барои гуноҳе муттаҳам дониста мешавад, ки мумкин аст ӯро 5 сол равонаи зиндон кунанд. Вай дар ҳоле ба додгоҳ кашида шуд, ки як марди амрикоӣ аз кӯле дар наздикии хонааш шино кард ва ба маҳали зисти вай расид. Хонум Су Чӣ дар ин рӯзҳо ахирин моҳи ҳабси хонагиро сипарӣ мекард. Ташрифи нохонадаи амрикоӣ сабаби боз кардани парвандаи ҷиноӣ шудааст. Маҳофили байналмиллалӣ ба ин иқдоми додгоҳи Мианмар вокуниш нишон додаанд. Аз ҷумла,Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, ки имкони тақвияти таҳримҳо ба зидди Мианмарро баррасӣ хоҳад кард. Ян Коҳоут-вазири хориҷаи Чехдар ин бора гуфт:

"Мо, албата, омодаем тақвияти таҳримҳоро баррасӣ кунем. Вале нахусин иқдом даъват аз ҳукумати Бирма хоҳад буд, ки Сан Су Чиро озод кунад".

Ҳоло ҷумҳурии Чех раёсати давраии Иттиҳодияи Аврупоро бар ӯҳда дорад.
XS
SM
MD
LG