Пайвандҳои дастрасӣ

Фиребгари муҳоҷирони корӣ ба дом афтод


Бино ба гузоришҳо, пулиси Ӯзбекистон мардеро барои фиреби 300 муҳоҷири корӣ боздошт кардааст. Ин мард, ки аз вай ном бурда намешавад, ба ин муҳоҷирон ваъда додааст, ки дар Аврупо барои онҳо кори "сердаромад" пайдо мекунад. Вале пулро гирифта, онҳоро ба доми фиреб кашидааст. Бино ба гузориши матбуъот, ин мард гӯё аз ин 300 кас 1 000 долларӣ гирифтааст ва гуфтааст, ки моҳонаи кори ояндаи онҳо дар Берлин 2 425 долларро ташкил хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG